​Таҷрибаомӯзӣ: мусобиқаи футболи хурд байни хонандагон

Дирӯз таҷрибаомӯзони курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ таҳти роҳбарии устодон дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футболи хурд ба пешвози ҷашни Нарӯзи байналмилалӣ байни хонандагони синфи 7-ум ташкилу баргузор намуданд.

Инттилоъ дода шуд, ки ин тадбир бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон роҳандозӣ гардид.

Дар мусобиқа хонандагони синфҳои 7а ва 7б аз рӯи намуди футболи хурд байни ҳам рақобат намуданд.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ