​Шурои олимон: Ҳисоботи солонаи ректор шунида шуд

Дар толори калони раёсати Донишгоҳ ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом аз натиҷаи ҳамаи равандҳои фаъолияти донишгоҳ давоми соли 2023 ҳисобот дод. Дар кори он муовинони ректор, сардорону раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ соли 2023 – ро барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли бобарор унвон намуда, бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат оғоз гардидани корҳои сохтмонии бинои таълимии 9 ошёна барои 4000 донишҷӯ, таъсиси 2 кафедра ва 7 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаи бакалавр, Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон, баргузории 869 дарси кушоди гуногунсатҳ, эълон гардидани соли таҳсили 2023-2024 “Соли рушди сифати таълим дар донишгоҳ”, роҳандозии озмунҳои «Муаррифии беҳтарин», «Тести беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Факултети беҳтарин», ҳамкории донишгоҳ бо 116 ташкилоту муассиса дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ, аз такмили ихтисос гузаштани 180 нафар омӯзгор ва дигар тадбирҳои судмандро аз дастовардҳои муҳими сол маънидод намуд.

Гуфта шуд, ки соли 2023 дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии «ERASMUS +, дар факултети геоэкология ва туризм маркази ташхиси экологӣ дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дар факултети математика лабораторияи таълими рақамӣ, дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотии “Идоракунии рақамӣ” ва “IoT” (интернет ашё), дар факултети физика ва техника лабораторияи муосири тиббӣ, дар факултети иқтисодӣ – марказҳои таълимии инноватсионӣ ва рақамии бонкӣ, дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ озмоишгоҳи илмӣ–тадқиқотии “Ташхиси психологии шахс”, озмоишгоҳи таълимӣ – методии “Рушди шахсият дар низоми маориф, “Рушди барвақтии кӯдак” ва ҳуҷраи “Ташхис ва баҳогузории психологӣ ва педагогии кӯдак” таъсис дода шуда, ҳоло тибқи “Нақшаи дурнамои таҷҳизонидани озмоишгоҳ – лабораторияҳо дар 18 факултет барои солҳои 2024-2028” 27 озмоишгоҳи дигар ба истифода дода мешавад.

Зикр гардид, ки соли 2023 – 7 нафар устодон бо мукофоти давлатии медали “Хидмати шоиста”, 22 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтирхономаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар бо Медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва 26 нафар бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, 1 нафар бо Ҷоизаи байналмилалии Марк Твен аз Иттиҳодияи нависандагони Амрикои Шимолӣ, 4 нафар бо нишони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Сухан” қадршиносӣ гардиданд.

Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 3 конференсияи байналмилалӣ, 14 ҷумҳуриявӣ, 2 вилоятӣ, 56 донишгоҳӣ, 67 мизи мудаввар, 69 семинари илмӣ, 68 маҳфили илмӣ, 79 озмуни илмӣ, 62 чорабинии илмӣ, 138 чорабинии дигари илмӣ ва ҳамагӣ беш аз 550 чорабинӣ ташкил ва баргузор гардиданд. Инчунин дар соли тақвимии 2023 13 китоби дарсӣ, 18 монография ва таҳияи матн, 21 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, 21 маҷмӯаи мақолаи илмӣ, ки дар маҷмӯъ 73 номгӯро ташкил медиҳад, ба нашр расиданд.

Роҳбарияти донишгоҳ доир ба амалӣ гардидани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия”, дар бораи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» , «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» ва “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023” истода гузашта, аз чорабиниҳои баргузоргардидаи сиёсиву фарҳангӣ, тарбиявӣ, ахлоқиву варзишӣ ва амсоли инҳо ҳарф зад.

Гуфта шуд, ки соли нави 2023 донишгоҳ бо 18 донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар ин замина чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ гашт.

Дар заминаи татбиқи сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши устодон дар таълиму тарбияи донишҷӯён дар шӯрои олимон қароре ба тавсиб расид, ки он аз қадршиносии ҳамаи устодону кормандони донишгоҳ дар ҳаҷми 250 сомонӣ маблағ мужда медиҳад.

Дар идома доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдураҳмон Қодиров ва номзади илмҳои таърих, раиси Шурои собиқадорони донишгоҳ Шавкат Шарипов ба музокира баромада, фаъолияти донишгоҳро дар давраи ҳисоботӣ самаранок ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Бо таҳлилу натиҷагирии ҳамаи самтҳои фаъолияти равандҳои донишгоҳ дар доираи ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ ва вазифагузориҳо ба хотири таъмини рушд ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ