​Сохти берунӣ ва дохилии моҳиҳо

Таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ки дар мактаб таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати омӯзгорӣ устувор мешавад. Дар робита ба ин донишҷӯёни факултети биология ва химия дар гиманзияи рақами №24 дар шаҳри Хуҷанд ба таҷрибаомӯзии педаагогӣ ҷалб гардиданд.

Ба таҷрибаомӯзон роҳбар-педагог ва методистон оид ба тарҳрезии дарс дар таълими салоҳиятнокӣ, хусусиятҳои педагогию психологии тайёрии омӯзгор ба дарс, нақши корҳои тарбиявии роҳбари синф ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс ва корҳои беруназсинфиро фаҳмониданд.

Ҳамчунин таҷрибаомӯзон аз фанҳои зоология, биология ва химия дарсҳои назариявӣ ва амалиро ташкил ва баргузор намуданд. Аз ҷумла, таҷрибаомӯз Зулола Ҷабборова дар синфи 8-ум аз фанни зоология машғулияти лабораторӣ дар мавзуи “Сохти берунӣ ва дохилии моҳиҳо”-ро бо маҳорати баланди касбӣ ташкилу баргузор намуда, дар оғоз доир ба таърихи пайдоиши моҳиҳо ибрози назар намуд.

Зимни машғулият зикр гардид, ки ҳар як моҳиро метавон ҳамчун як сутунмӯҳраи обӣ тавсиф кард, ки қанот дорад ва бо гулӯ нафас мегирад. Бо вуҷуди ин, моҳӣ ҳастанд, ки ба осонӣ бидуни қанот кор карда метавонанд ва моҳиҳое ҳастанд, ки бо шуш нафас мегиранд. Ҳамин тариқ, се гурӯҳи асосии моҳиҳо, сиклостомҳо, пайҳо ва моҳӣ бо скелети устухонро амалан бо аёният фаҳмонида дод. Таҷрибаомӯз дар бораи ҳар се гурӯҳи моҳиҳо маълумоти муфасал ва қонеъкунадаро бо аёнятҳои ҷолиб нишодода тавонист.

Дар охир миёни устод ва шогирдон суолу ҷавоб сурат гирифт, ки таҷрибаомӯз Зулола Ҷабборова ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ