​Сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар амал

Охирисоли 2023 мардумони Тоҷикистон шоҳиди он гаштанд,ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба парламони кишвар бори дигар нишон доданд, ки соҳаи иҷтимоиёт, махсусан маориф ва тандурусти муҳимтарин самти фаъолияти ҳукумат ба шумор меравад. Рушди соҳаи саноат, фарҳанг, хоҷагии қишлоқ, варзиш ва дигар самтҳо хоҷагии халқ маҳз бо сатҳи баланди маориф ва тандурусти вобастагӣ дорад.

Дар баромадашон таъкиднамуданд, кимаблағгузории соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд ва 40% баланд намудани маоши омӯзгорон далели ғамхориҳои сарвари мамалакат, ҳукуматиҶТ нисбати кормандони соҳаи маорифмебошад.Аз ин рӯ мо омӯзгорони донишгоҳ бояд кӯшиш намоем, ки ба сифати таҳсилот аҳамияти хоса диҳем ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён саҳмгузор бошем, зеро ки ин вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгорон аст.

Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон: «Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад» моро водор менамояд, ки салоҳиятнокии худро баланд бардорем ва аз дастовардҳои навини илмии замони муосир бархурдор бошем.

Дар Паём ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карданд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Аз ин рӯ, мо – масъулон ва корманони соҳаро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат рисолати худро содиқонаву софдилона иҷро кунем, то дар рушди соҳа ва дар заминаи он ба рушди неруи инсонӣ ва ободии кишварамон саҳмгузор бошем.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,ба самти густариши робитаҳои байналмиллалӣ аҳамияти махсус дода ба натиҷаҳои дилхоҳ расида истодааст.Ҳудуд ва доираи муносиботи бурунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ниҳодҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Айни ҳол донишгоҳ бо зиёда аз 100 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва ғайра шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад. Махсусанбо донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Белорусия,Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Руминия , Фаронса ва барномаҳои грантии ЕРАСМУС+ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Ҳамаи ин ҳамкориҳо дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар паёмҳои солҳои пешин баён шуда буд, ба роҳ монда шудааст. Раёсати донишгоҳ , шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ дар оянда барои амалӣ намудани дастуру пешниҳодҳое, ки дар Паёми соли 2023 баён шуда буданд , тамоми имкониятҳоро истифода бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
.

Каримов Т.Д .

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ