​Семинар: Нақши Пешвои миллат дар такмил ва омӯзиши забони англисӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ доир ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари таълимӣ-омӯзишӣ бо иштироки декани факултет профессор Меҳриниссо Абдудлоева ва ҳайти устодон баргузор гардид.

Нахуст профессор Меҳриниссо Абдуллоева ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба масъалаи омȳзиши забонҳои англисӣ ва русӣ, ишора карданд. Таъкид рафт, ки мақсади ташкили семинар омӯзиши нуктаҳои Паём ва ба ҳамин васила амалигардонии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва огоҳ будан аз навовариҳо ва усули таълимӣ-методии муосир мебошад.

Дар идомаи кори семинар профессор Меҳриниссо Абдуллоева дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ дар кишвар” баромад намуда, иброз дошт, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маорифро чун соҳаи афзалиятноки ҷомеа шуморида, пояи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ҳисобиданд. Аввалин қадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – қабули «Қонун дар бораи маориф» буд ва ин ҳуҷҷат сифатан нав буда, мақсад, вазифа ва мундариҷаи таълиму тарбияро дар кишвар ба танзим даровард.”

Гуфта шуд, ки аксарияти омӯзгорони “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дарсҳои лексия ва амалии худро бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим гузаронида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Дар татбиқи усули самараноки таълим саҳми семинарҳои илмӣ-методии кафедраҳо, факултетҳо, инчунин саҳми семинарҳои таълимию методие, ки аз мунтазам ташкил карда мешаванд, бағоят муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки дар машғулиятҳои семинарӣ муаммоҳои мубрам, инчунин усули фаъоли таълим, аз қабили ҷорӣ намудани таксономияи Б. Блум ба раванди таълим, равиши салоҳиятнокӣ, назария ва амалияи санҷиш ва баҳодиҳӣ муҳокима карда мешаванд.

Сипас, муаллимаи калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ – Заррина Тухлиева дар мавзуи “Ташаккули салоҳияти муоширатии донишҷӯён дар дарси амалияи нутқи шифоҳӣ ва хатии забони англисӣ” маърӯза ироа намуд. Номбурда қайд намуд, ки салоҳият маҷмуи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ