​Шавқи донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ боло меравад

Омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонӣ, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ дар донишгоҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шудааст. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад.

Дар робита ба ин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, васеъ гардонии ҷаҳонбинӣ ва дар руҳияи меҳанпарастию ҳуввияти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ дарсҳои намунавӣ гузаронида шуда истодааст.

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ аз тарафи саромӯзгори кафедра Муаззама Назарова дар факултети филологияи рус бо донишҷӯёнигурӯҳи 102-и ихтисоси забон ва адабиёти рус дарси кушод дар сатҳи раёсат гузаронида шуд.

Омӯзгор бо маводи лозима ба дарс ворид гардида, бо садо додани Суруди миллӣ машғулиятро оғоз намуд. Устод кӯшиш намуд, ки аз воситаҳои фаъоли муосири таълим, яъне воситаҳои техникии таълим васеъ истифода барад. Синфхона ба талаботи дарси кушодҷавобгӯ буда, бо айёниятҳои гуногун муҷаҳҳаз гардонида, мавзуи дарс доир ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣбахшида шуда буд. Дар иртибот ба мавзуъ гӯшаи махсус доир ба асарҳои Садриддин Айнӣ ташкил карда шуда, аз ҷониби омӯзгор мухтасар шарҳе тавзеҳ дода мешуд, ки шавқи донишҷӯёнро нисбати омӯзиши асарҳо бедор менамуд. Ҳамзамон устод бо истифодаи муаррифӣ вожаҳои душворфаҳмро ба донишҷӯён маънидод намуда фоҳмонд. Дар идома сабти матн ба донишҷӯён шунавонида шуд, ки барои нутқи шунавандагон хеле муфид буд.

Дар қисми дигари машғулият донишҷӯён матнро гӯш карда, бо навбатонро тарҷума менамуданд.

Сипас, машқҳо барои мустаҳкамкунииматниҷро карда шуданд. Донишҷӯён бо ҳарфҳое, ки омехта карда шудабуд,калимаҳо доир ба мавзӯи матни имрӯза тартиб медоданд. Мавзуи дарси кушод ба самти ихтисоси донишҷӯён равона карда шуда, аксарияти донишҷӯён фаъолнокии худро нишон медоданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ