​Саҳми Пешвои миллат дар рушди маорифи кишвар

Бо ҳидояти роҳбари бохиради кишвар маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардид.

Санаи 30 майи соли ҷорӣдар Коҳи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуданд.Ҳадаф аз вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ мебошад.

Масъалаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад. Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад. Бо такя ба андешаҳои Сарвари давлат кӯшиш менамоем, заминаҳои роҳандозии сиёсатро нисбати мавқеъ ва нақши маориф дар ҳаёти ҷомеа маънидод намоем.

Аз ин лиҳоз ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад.

Мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Дар назди кормандони маориф имрӯз вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон, инчунин ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳамаи муассисаҳои соҳа қарор доранд. Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.

Дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

Имрӯзҳо ҷомеаи мо ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорад, бинобар ҳамин донишмандон дар интихоб кардану ба камол расонидани истеъдодҳои ҷавон бояд ҳиссагузор бошанд.

Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ