Саҳми мамлакатҳои узви ИДМ дар мубориза алайҳи терроризми минтақавӣ ва байналхалқӣ

Ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир шоҳид аст, ки терроризм дар асл таҳдиди воқеӣ ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Муаммои реалӣ ва душвори даҳсолаҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё рўй додааст, амали ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣмебошад.

Террор, яъне ситам ва ҷазои ҷисмонӣ, амали бераҳмона, ҷабру фишор, нобуд ва зўроварӣ бароимағлуб кардани мухолифони сиёсӣ кор фармуда мешавад. Вале мутаассифона имрўз ин амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кўдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст. Муаммои террор тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ки ҳалли ин муаммо доғи рўз гардидааст. Ҳатто мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон низ дар баъзе ҳолатҳо оиди ҳалли ин муааммо оҷизанд.

Барои тартиботи бехатарии дастаҷамъона дар ҳудуди мамлакатҳои ИДМ моҳи феврали соли 1995 Консепсияи бехатарии дастаҷамъӣ қабул гардид. Моҳияти ин ҳуҷҷат нигоҳи давлатҳои узви Созишномаи бехатарии дастаҷамъиро ба таҳдиди ҷаҳонӣ, ҳимояи муштарак аз истилокорони зўровар, таъминоти бехатарӣ ва ягонагии ҳудудӣ, самтҳои асосӣ ва давраҳои сохтори системаи бехатарии дастаҷамъӣ муайян менамояд.

Аз рўи таҷрибаи як қатор давлатҳои мутараққии чаҳон маълум аст, ки дар мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароёни динӣ ҳатто аз ҷиҳати қувваҳои ҳарбӣ мустаҳкамтарин давлат низ дар алоҳидагӣ мубориза бурда наметавонад. Ҳалли ин муаммоҳо муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва якҷоя амал намудани давлатҳои минтақаи моро талаб менамояд.

Аз ин лиҳоз, 1-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Киев ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои ИДМ чунин ҳуҷҷати муҳим “Доир ба мубориза ба муқобили терроризм дар ҳудуди мамлакатҳои узви ИДМ” қабул намуданд. Инчунин Сарони мамлакатҳои ин Созмон ўҳдадор карда шуданд, ки ба муқобили амалҳои терроризми байналхалқӣ низ мубориза баранд. Таваҷҷўҳи сарони мамлакатҳои узви ИДМ ба он равона гардида буд, ки бо ҳар роҳу воситае бар зидди ин амали хатарнок муборизаро ҷоннок намоянд. Бинобарин, 21 июни соли 2000-ум дар шаҳри Москва аз ҷониби сарони мамлакатҳои узви ИДМ Барнома оиди мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва ҳаракатҳои эктремистӣ тасдиқ карда шуд. Қарор карда шуд, ки маркази зидди террористии давлатҳои узви ИДМ таъсис дода шавад ва генерал-лейтенант Б.А.Мельников роҳбари ин марказ таъин карда шавад.[1] Аз рўзҳои нахустини таъсисёбӣ МЗ ИДМ ба фаъолият шурўъ намуда, дар навбати аввал тамоми қувваҳои давлатҳои ИДМ-ро бо мақсади омодаги барои мубориза ба муқобили терроризм муттаҳид намуд. Моҳи июн-августи соли 2001 дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои ҳарбӣ бо номи “Юг-антитеррор 2001” гузарониданд. Дар ин амалиёт намояндагони кумитаи амният ва хизмати махсуси 9 давлати иттиҳод: Озорбойҷон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдовия, Россия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Украина иштирок намуданд.

Аз рўи таҷриба ва самараи ин ҳолат соли 2002 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2003 дар Украина, соли 2004 дар Малдова ин машқи ҳарби гузаронида шуд. Аҳамияти гузаронидани чунин машқҳои ҳарби дар он аст, ки дар ҳолати зарурӣ дар мўҳлати наздиктарин ин қувваҳои машқдида ба муқобили хама гуна амалиёти террористи омода ҳастанд, ки мубориза баранд.

Ҳар як давлати алоҳидаи узви ИДМ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд.

Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриконунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.

Дар сатҳи баланд гузаронидани конгресси Х-уми СММ дар масъалаи пешгирӣ кардани ҷиноят, ва ҷазо додани ҷиноякорон бори дигар собит мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳон дар остонаи асри XXI вобаста ба таъсири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ба иқтисодиёти миллӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, суботу амният ва сулҳ торафт бештар изҳори нигаронӣ мекунад.

Ҷинояткории муташаккилонаи террористӣдар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав мекунад, ки бо номҳои гуногун ба монанди: «Ал-қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон»(собиқ Ҳаракати Исломии Ўзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти Таблиғ», «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Кумитаи 24 [3] - инҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ фаъолияткунанда эътироф карда шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонманъ карда шудааст.

Онҳохусусияти умумӣ пайдо карда, ҳам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид доранд. Баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки доираи зуҳуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста васеъ мешавад.

Сарварон ва аъзоёни ҳаракати терорристӣ ва экстремистӣ дар авҷ гирондани терроризм ва экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро бероҳа карда, ба чинояткорӣ ҷалб менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории муташаккил фаъолона ширкат меварзид. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриконунии маводи нашъадор рў ба рў омадааст ва ин ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдомоти оқилонаю амалӣ дар мубориза алайҳи ин шарр катъан талош меварзад.

Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онхо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд.

Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёнаба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз ҳам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Хабари ҳамлаи ваҳшиёнаи гурӯҳи террористии толибон ба яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистонро ва кушта шудани беш аз 150 нафар муҳассилину устодон ва захмдор гардидани зиёда аз 120 нафар, кибоиси ғаму андӯҳи садҳо оилаҳо шуд, дар дили ҳар як инсони бо имон ва адолатпеша нисбати ин амали ғайриинсонӣ нафрату ғазаб пайдо намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ гунаҳкорони инҳодисаи фоҷиаборро маҳкум намудааст.

Боиси нафратиҳар як мусалмон он аст, ки террористон мақсад ва ҳадафи шуми худро дар остонаи илму маърифат, зидди толибилмон анҷом доданд, ки ин хилофи ахлоқи башарӣ ва инчунин талаботҳои дини мубини ислом мебошанд.

Ин амали ваҳшиёна симои аслии террористонро боз як бори дигар намоиш дод, ки моҳияташ инсонбадбинӣ аст ва бо бераҳмии махсус сурат гирифт.

Ин амали нангин ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср чораҳои зарурӣ андеша намуда, ҳамкориҳои бештарро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ қавитар намоянд.

Точикистон тарафдори катъии андешидани ҳамаи тадбирҳое буд ва мебошад, ки мақсади онҳо ба куллӣ барҳам додани терроризм аст. Мамлакати мо дар ташкили Маркази зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ саҳми арзанда дорад, ки имрўз ин марказ дар минтақаи мо хамчун маркази пурқуввате ба муқобили амалҳои террористӣ фаъолият менамояд.

Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1992 узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мебошад.[4] Бояд гуфт, ки баъзе ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ дар минтақаи Кафқоз ва Осиёи Марказӣ ҷой гирифтаанд. Бо вуҷуди ин онҳо ба узвияти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо қабул карда шуданд. Ин тасодуфӣ нест, зеро ин ҷо сухан на дар бораи мавқеи ҷуғрофии онҳо, балки дар бораи фазои воҳиди ичтимоии ин мамлакатҳо меравад, ки дорои арзишҳои умумии сиёсӣ, демократӣ ва фарҳангӣ мебошад. Вале вазъият дар он тарафи сарҳади ҷанубии мамлакати мо ба кулли дигар аст. Ба ин маънӣ комилан дуруст аст, ки Тоҷикистон дарвозаи ҷанубии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо номида шавад.

Имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурўҳҳо рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононроаз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи моро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Фармонова Д.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ