Сада ҷашни мулуки номдор аст...

Дар факултети санъати тасваирӣ ва технология бахшида ба Иди Сада чорабинии тарбиявӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи тарбия, декани факултет, муовинони декан ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯён доир ба таърихи ин ҷашни куҳани миллӣ баромад намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст.

Дар идома қайд гардид, ки бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён бахшида ба Иди Сада саҳначаҳои тарбиявӣ, рақсу сурудхонӣ ва омода намудани хуриш аз маҳсулотҳои сабзавотӣ ва мевагӣ ба тариқи мусобиқа ташкилва гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ