Рушди илму маориф яке аз ҳадафҳои дурбинонаи Пешвои миллат

Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат барои омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи таълим, илм, рушди илму техника, корҳои муҳимеро роҳандозӣ мекунад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сифати таълим, илм ва тарбия, ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, ҳамзамон мутобиқ намудани мазмуни таҳсилот ба шароити муосир дар назди кормандони соҳаи маориф масъалаҳои муҳим гузошта шуда истодаанд. Таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф яке аз ҳадафҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Сарвари давлат дар Паёмашон доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушду нумӯи илм чунин таъкид намуданд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи исътедодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем”.

Захираҳои калидии рушди низоми маориф ва илм бояд инҳо бошанд: инноватсияҳо ва салоҳият; ҷалбкунӣ ба раванди таълими бахши хусусӣ; иштироки волидайн дар раванди таълим; идоракунии самарабахш дар асоси алоқаи мутақобила, инчунин алоқаи зич бо бахши воқеии иқтисодиёт.

Нуқтаҳои асосии пешрафти назарраси рушди маориф ва илм инҳоянд:

  • шаклҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла, ғайридавлатӣ);
  • марказҳои эҷодиётии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ҳамчун муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;
  • низоми таҳсилоти фарогир;
  • рушди низоми кумаки унвонӣ ба хонаводаҳои камбизоат дар самти ҳавасмандгардонии таҳсилоти кӯдакон;
  • дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва лоиҳаҳои ҷавонон оид ба баланд бардоштани/татбиқи неру;
  • кластерҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ аз рўи бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт – кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт.

Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир бо суръати тез тараққӣ карда истодаанд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст.

Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Мисол мегирем телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд. Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.

Натиҷаҳои назаррас дар соҳаи рушди илму маориф инҳо мебошад:

  • Афзоиши сатҳи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ новобаста аз маҳалли истиқомат ва сатҳи даромади хонаводаҳо таъмин карда шуда истодааст;
  • 100 фоиз кӯдакони (писарон ва духтарон) синну соли дахлдор то соли 2030 дорои таҳсилоти миёнаи пурра мешаванд;
  • то соли 2030 шумораи муаллимони соҳибихтисос ба 20 фоиз афзоиш меёбад, аз ҷумла тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тайёр намудани муаллимон;
  • гирифтани хизматрасониҳои ройгони таҳсилоти иловагӣ барои на кам аз 50 фоиз кӯдакони синну соли аз 5 то 18 сола таъмин карда мешавад;
  • фарқият дар сатҳи маълумоти касбии мардону занон ва аҳолии деҳоту шаҳр коҳиш меёбад:
  • иштироки на кам аз 30 фоиз шаҳрвандони синни қобили меҳнат дар таҳсили мунтазам таъмин карда мешавад;
  • арзёбии мустақили сифати таҳсилот ҷорӣ карда мешавад;
  • сатҳи тахассусии муаллимон такмил дода шуда, ҳавасмандгардонии беҳтари ҳайати омўзгорон, бахусус дар деҳот таъмин мегардад;
  • инфрасохтори мактабӣ, лабораторияҳо ва дигар таҷҳизоти таълимӣ таҳким ва беҳтар карда мешаванд;
  • дастрасии беҳтар ва сифати таҳсилот барои кўдакони маъюб ва талаботи махсусдошта таъмин карда мешавад;
  • истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ барои соҳаи маориф таъмин мегардад;
  • меъёрҳои муҳимтарин дар бахши илм риоя мегарданд, аз ин ҳиссаи хароҷотҳои умумӣ ба илм нисбат ба ММД (на кам аз 1,5 фоиз), таносуби музди меҳнат ба илм, хизматрасониҳои илмӣ ва умуман дар иқтисодиёт машғулбуда (на кам аз 1,25:1), ҳиссаи дар тадқиқоту ихтирокориҳо машғулбуда дар сатҳи на кам аз 0,6-0,65 фоиз нигоҳ дошта мешавад, ҳиссаи ширкатҳои машғули корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ (КИТТЛ) на кам аз 15 фоизро ташкил медиҳад.

Дар маҷмўъ расидан ба натиҷаҳои чашмдошт ба фароҳам овардани шароит барои фаъол намудани механизми ташаккул ва инкишофи «иқтисоди ба дониш асосёфта» мусоидат хоҳад кард.

Омӯзгорони кафедраи назазияи иқтисодӣ - Абдувалиева Н.А. ва Ҳошимзода М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ