​Раҳнамои фараҳафзои зиндагӣ

Ҳаёти ҷомеаимеҳнатқариникишвари биҳиштосоямон дар фазои осудаю осоишта дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҷаҳон хеле хубу намунавӣ аст. Ҳамаи ин ободониву оромӣ, созандагиву бунёдкориҳо меваҳои шаҳдбори Истиқлоли комили давлатамон мебошад, ки барои ҳамватанонам мояи ифтихор ва шукргузорӣ аз давраи соҳибстиқлолӣ маҳсуб меёбад. Шукронаи давлатдории таърихи нави тоҷикон бевосита ба шахсияти абармарди нотакрор, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аст. Бо хиради воло, дурандешиву дурбинӣ, орияту ғурури миллӣ, дилсӯзиву ятимпарварӣ ин таҳамтани бебок ҳамасола самтҳои мухталифи пешбурди давлатро муайянудақиқ намуда тамоми қишрҳои ҷомеаро баҳри татбиқи онҳо даъвату сафарбар намуда соҳиби муваффақиятҳо гардидаанд. Самтҳои асосии рушди давлат дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон инъикос меёбад ва хушбахтона мақсаду ҳадафҳои гузошташуда тадриҷан амалӣ мегардад.

Мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки ҳафтаи гузашта ироа гардид, пурра сиёсати маорифпарварона ва ғамхорона , нигоҳи воқеии дурандешба дурнамои давлатро инъикос намуд, ки оламиёнро дар ҳайрат гузошт. Дар шароити мураккаби сиёсӣ-иқтисодии замони муосир, ки аксарияти мамолики олам коҳишҳои иқтисодиро ҳис менамоянд, Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо устуворона иқтисодиёт ва ҷомеаро ба пеш бурда истодааст ва соҳиби дастовардҳои беназир гардидааст. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, маркази таълимӣ ва ғайра хеле вусъат ёфтанду сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи гӯшаю канорҳои кишвар боло рафтаанд. Инъикоси воқеии онро натиҷаҳоимуваффақонаи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва дигар исбот менамоянд.

Таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари сипаҳсолори кишвар ба тарбияи насли ҷавон, болобардории ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастии ҷомеа шаҳодати таърихи қадима, тамаддунофариву фарҳангсолорӣ, хиради азалии миллати тоҷикро гувоҳӣ медиҳад ва ҳар як фарди солимақли Ватанро водор менамояд, ки фаъолу зирак, боғайрат бошанду бефарқиву канораҷӯӣ накунад.Дарк намояд, ки ояндаи миллату дурнамои давлатдорӣ, бевосита ба ватандӯстиву меҳанпарастии насли наврасу ҷавон алоқамандаст ва канораҷӯӣбаробар ба хиёнат дониста мешавад.

Суханони Пешвои ғаюри бо номуси мо , ки “Тоҷикистон низ дар созмонҳои байналмилалӣ як овоз дорад, аз дигар мамлакатҳо кам нест, мавқеи мустақилонаи хешро дорост”-ро баён доштанд, барои ҳамагон мебояд ғояи пешбаранда гардад. Зеро, ин нуқтаҳо соҳибватанро шердилу руҳбаланд, накӯандеш ба ояндаи файзбор месозаду нидоъ ба ваҳдату сарҷамъӣ, созандагиву бунёдкорӣ асту месазад, ки доимо шиори ҳамарӯзаи ҳар яки мо бошад. Танҳо дастгирию ҷонибдории пайвастаи сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати раиятпарвари мамлакат, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ, муборизаи беамон бар зидди падидаҳои номатлуб ва амсоли онҳо имкон медиҳад, ки Ватанамонро обод, сарсабзу хуррам гардонему ба наслҳои худ Тоҷикистони сернуфузи пурқудратро боқӣ гузорем.

Дар ҷодаи расидан ба мақсаду ҳадафҳои зикргардида ҳар як фард мебояд пайрави боисрори Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад. Мебояд дасти ҳамдигар гирему нерӯи тавонои ваҳдатро баҳри ободониву созандагии Ватани маҳбуб- Тоҷикистони биҳиштосо сарф намоем. Толеи баланду иқболи файзбори Паёмҳои сарвари давлат намунаи ибрат ва сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи кулли ҳамватанон , алалхусус кормандони соҳаи маориф қарор гирифта бошад.

М.Д. Абдухолиқзода детсент, номзади илмҳои педагогӣ , декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Собиров М.С. – дотсент, номзади илмҳои кишоварзӣ, и.в мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акаемик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ