Пешвои миллату маҳбуби мардум

Воқеан ҳам баъдаз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кишварҳои ҷаҳон бо сарварихирадмандаш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман шунохтааст. Имруз кишвари, мо дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонист ба як кишвари пешрафта ва соҳибфарҳанг дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо намояд.

Имруз ҳар як шаҳрванди хурду бузури кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сарҷам гардида барои тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги фаъолият бурда барои баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурии ва барои тараққиёти он саҳм гузошта истодаанд, ки ин бевосита нишона аз тинҷию, сарсабзи кишвари азизамон шаҳодат медиҳад. Лекин дарҷамъиятӣ имрузаҳастанд шахсоне, ки ба қадри ин немати Худованд, ки “Сулҳ” аст нарасида истодаанд. Мехоҳанд дар тамоми миқёсӣ мамлакат як низоҳои тундгароёнаи худро барангезанд. Имруз боз як хабари наве барои мо дастрас гардид, ки бисёр хандаовар мебошад. Магар ин хоинони Ватан хаста нашуданд, ё ин ки дигар коре надоранд, ки бо ақидаҳои“Пучи” худ дар сомонаҳои интернети ҳар гуна наворҳои видеоию ҳар гуна хабарҳоибеасоси худро ҷори карда истодааанд, кигӯё як масъалаи бисёр баҳсталабро ба миён гузошта бошанд. Магар шумо дигар кор наётед, ки имрузҳо дар бораи “Пул”-и милли сухан кунед.

Дар ҳақиқат мақсаду мароме, ки ин гуруҳҳои ифроти дар назар доранд ба мардуми соҳибдавлати миллли пушида нестанд. Мисоли одди воқеъаҳои солҳои 90-уми солҳои пешина, ё ин ки амалҳои номатлуб, ки моҳи сентиябри соли 2015 аз тарафи Ҳизби Назҳати Исломӣ ки бо роҳбари ана ҳамин ҳизби гайридавлати, ки бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони он хостанд, ки сиёсати имрузаи давлатро, сохтори идоракуни онро ба даст оранд.Магарчунин амалҳои номатлубе, ки аз тарафи ҲНИ ба вуқӯ пайваста шуд магар шаҳрвандони бо ору номуси миллатмагар ба ин бовари доранд. Ин гуруҳҳои бадхоҳи миллату давлат дар дил ҳаргиз нияти пок надоранд бо ҳар роҳу васила, мехоҳанд мақоми давлатро дар байни давлатҳои дуру наздик ноустувор гардонанд. Вале имруз боиси хушбахтист ва сохибватанист, ки мо имруз соҳиби амнияти пурқувват гардидем ва ин имкон медиҳад, ки чунин шахсони фитнаангез дастгир карда шуда нисбати онҳо чораҳои махсуси ҷавобгарӣ ҷиноятипешбини карда шавад.Имрузхалки кишвар барои шомил нашудан ва фирефтаи суханҳоидурӯғи ин шахсиятхо нашудан мо бояд “Ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем”, сарвари давлати тоҷикон Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба қувваҳҳои пешбарандаи ҷомеа намуда таъкид бар он доранд, ки агар “Аз як гиребон” сар барорем мутаҳҳидидавлат дар ҷомеа устувор гардад ягон қувваи беруни моро шикаста наметавонад, ва такя бар он намуда дар ҳар баромадҳои худ такя ба қувваҳои пешбарандаи ҷамъият, махсусан ба ҷавонон пешниҳод менамоянд, ки бояд ҷавонони даврони истиқлолият “Зираки сиёсиро” аз даст надиҳанд, ва ин барои мо имкон медиҳад, қувваҳои иғвоангез ҷомеаро бо габҳои дурӯғи худ халалдор насозанд.Инчунин бо ҳар гуна наворҳои интернети ҳар гуна хабарҳои нодуруст дар бораи сиёсати имрузаи давлат дар сомонаҳои интернети ҷойгир карда наметавонанд.

Имрузҳо ҳар пиру ҷавони кишвар мислли ҷавонони солҳои 1992-1997 нестанд. Имруз дар қалби ҳар як шаҳрванди миллати тоҷик ҳисси ватандустӣ, ифтихорӣ миллии бевосита пайваста қарор дорад, ки ин бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳҳад. Ба хотир оред ин марди Худо аз рузҳҳои ба сари ҳокимият омадан “Қасам ” хӯрда буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам агар дари ин роҳи пурмашаққати лозим ояд ҷони худро фидо хоҳам кард.” Бинобар ин аз ҳар шаҳрвандони кишвар ва ҳар ҷавони соҳибдавлати даврони истиқлолият лозим меояд, ки фирефтаи сухунони дурӯғи ин гуруҳҳои иғвоанез нашуда балки пайваста барои тухми низоро пош надодани ин гуруҳҳои номатлуб ва пайваста барои ҷори накардани маълумотҳои нодурусти ифроти монеаи сари роҳи онҳо гардем.

Имруз ҳар шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ифтихор аз миллату аз Пешвои муаззами миллати худ ҳастанд, ки барои гул гул шукуфи ва барои дар ин кишвари биҳҳиштосои руи заминзисту зиндагони карданд шукрона бояд кард.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди Худо аст. Сарвари кишвари азизи мо роҳбариро замоне ба дӯш гирифтаанд, ки фоҷеаи пош хӯрдани Давлати муаззами шӯроҳо ва бенизомиҳои аз ин ҳодиса маншаъ гирифта дар дилу зеҳни бошандагони Тоҷикистон ноумедиро ҷой намуда, барои расидан ба рӯзи нек бовариашонро коста гардонида буд.

Роҳбари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ, истеъдод ва ҷасорати фитрии худ барои осоиши Тоҷикистон саъю талош намуда, ба таври ошкоро иброз доштанд, ки "барои амалӣ намудани ҳадаф ба чонсупорӣ низ омода ҳаст". Ин гуфтор ва фармудаи зеринашон "То охирин гурезаҳои миллати тоҷикро ба Ватан баргардонам, худамро осуда нахоҳам дид" дар тинати ҳаммилатон ниҳоли умедро парвариш дод ва ба он кас ба сифати роҳбари ғамхору дилсӯзӣ худ бовар ва эътиқод пайдо намуданд.

Халқ ояндабин ва дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби сарвари худ хато накард ва дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби сарвари худ хато накард ва ин фидокорӣ роҳи осоишу субот давра ба давра кишварро аз варти ҳалокат, миллатро аз нестшавӣ ва қаламравро аз порашавӣ наҷот бахшиданд. Ин хидмат ва ҷоннисориву ватанхоҳӣ, миллатдӯстиву башарпарварии Пешвои муаззами миллат дар қалбҳои пурармони миллати тоҷик ба вижа қаламкашони кишвар, ҷойгоҳи хоса пайдо намуда, ки гуфтору навиштро ва амали содиқонаи онҳо башоратдеҳи ҳамин муҳаббати гарм аст.

Мусаллам аст, ки хидмати бузург ва ҷадалҳои мондагори дар муддати 29 сол анҷомдодаи ин марди Худо Пешвои миллат муаззами миллат аз диди сиёсатдонҳову таърихшиносон ва аҳли эҷоди мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар таърихӣ давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои хоно зикр меёбад.

Қудрат, силоҳ, сармоя, молу мулк, дороӣ, тавоноӣ ва дигару дигар амсоли инҳо ягон арзишу қиммате надоранд вақте, ки дар давлат сулҳу ваҳдат, оромиву якдигарфаҳмӣ ва осудагӣ набошад.

Ва мо мардуми тоҷик хушбахттарин шахсоне ҳастем, ки Худованд ба мо шахсеро, ки барои миллати худ сулҳу ваҳдат ва осоиштагиро ҳадя кард насиб гардонид ва ин шахси абармард Эмомалӣ Раҳмон ном дорад. Ҳамин фарзонафарзанд буд, ки ба дилу дидагони пиру ҷавони миллати тоҷик шодиву фараҳ бахшид. Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии худододӣ тавонистанд миллати парокандаро аз нав барқарор намоянд.

Бале, ӯ яке аз фарзандони шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати куҳанбунёди тоҷик бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунанд ва сидқан дӯст медоранд. Шахсеро, ки баҳри беҳбудӣ, некӯаҳволии халқ ва ободиву сулҳу суботи Ватан ҷонашро фидо мекунад кӣ дӯст намедорад? Абармардеро, ки ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагону маъюбон мебошад метавон дӯст надошт? Пешвое, ки Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин мубаддал гардонида, магар мешавад, ки дӯст надошт?

Аз ин ҷост, ки ӯро пиру ҷавон аз дилу ҷон ва сидқан дӯст медоранд ва чун Роҳбари беҳтарину оқилтарин, чун Шоҳи одилтарину саховатмандтарин, чун Пешвои муаззаму хирадманди давлат эътироф мекунанд. Дар ҳақиқат, Пешвои маҳбуби ҳамагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифаи олӣ арзанда аст ва ба ин марди Худодод шукрона бояд кард, ки Пешвои мост.

Каримова Т. - номзади илмҳои фалсафа, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ