​Пешвои миллат – кафили сулҳ ва амнияти миллӣ

Таърих ин китоби нодирест, ки лаҳзаву соату замонҳоро бо гузашти рӯзҳову ҳаводиси воқеъӣ сабт менамояд ва дар саҳифаҳои он чи хотироте аз воқеъот, дастовардҳо, бозёфтҳову шикасту бастҳо дарҷ мегарданд, ки ин ҳама, албатта тавассути заҳмати ақлонӣ ва нерӯи созандаи инсонҳо сурат мепазирад. Аммо вақт, ки вобаставу таърихсоз аст, ин ҳама ҳаводису дастовардҳоро дар сурате инъикос менамояд, ки бар ҳакиқати ҳол ҷавобгӯ бошанд ва шаҳодати ҳақиқат доштани онҳо аён бошад. Бахусус, дар сурати инъикоси чеҳраҳо, шахсиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ. Аз ин ҷост, ки “таърих воқеъбин ва ҳақиқатнигор аст”, гуфтаанд ва ба таъбири дигар “таърих оинаест, ки ҷавҳари онро ҳеҷ зангеву санге ва ё сели замон намезудояд...”.

9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Соҳибихтиёру мустақил эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро пеш овард, ки яке аз онҳо азнавсозии соҳаи маориф ба шумор мерафт.

Дар он солҳо Тоҷикистон дар вазъи ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ қарор дошт. Тоҷикистон, ки амалан ҷумҳурии камрушд ва дорои мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионии собиқ шӯравӣ буд, бо пошхӯрии он ба вазъи душвору сангинтар дучор шуд. Дар баробари ин, афзоиши рӯзафзуни дахолати қувваҳои муайяни давлатҳои хориҷӣ ба ҳамдастии фаъоли баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дохили кишвар омили шиддати бесобиқаи буҳрони сиёсӣ ва табдили он ба ҷанги гражданӣ гардид.

Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд.

Пешвои миллат аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади он кас сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, савганд ёд карда, иброз доштанд, ки ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям.

Пешвои миллат ба қавл устувор будани худро дар амал исбот намуданд. Бо мақсади муътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат намуда, самимона иброз доштанд: «Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба хотири наҷоти Тоҷикистон, ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири воҳидияту ваҳдати тамоми халқҳои сокини ҷумҳурӣ Шуморо 25-уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд».

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯзаи мутобиқ гардонида шуданд. Барои ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намудани таҳсилот омӯзишгоҳҳо ва техникумҳо тадриҷан ба коллеҷҳҳои мустақил ва сохтории муассисаҳои таҳсилоти олӣ табдил дода шуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷуҳ намуда, дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли ҷавонон боз аз нав ба илм бештар гардид.

Маҳз баъди Иҷлосияи тақдирсоз марҳилаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ки он дар қабули санадҳои муҳимми самти сиёсати хориҷӣ ва сафарҳои аввалини бомуваффақонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор давлатҳои ҷаҳон ифода меёбад. Бояд эътироф кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат ҳамчун поягузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Федератсияи Россия ва муносибатҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ, диққати ҷиддиро ба густариши ҳамкориҳо бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона намуда, дар оғози роҳбарии худ эълон дошт, ки дари Тоҷикистон барои давлатҳое, ки нияти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои самарабахш ва дӯстонаро доранд, боз аст. Муқаррароти асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 1993 пешниҳод намуда буд.

Яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар баробари барқарорсозии сулҳу ваҳдат ин таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ дорад, чунки самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати “дарҳои боз” мебошад, ки он ҳамасола таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул меёбад.

Мо бо ифтихор дар бораи низоми давлатдории худ сухан меронем, чунки он ба рушди минбаъдаи давлатдории халқи тоҷик таъсири мусбат мерасонад. Таҷрибаи идоракунии давлатии мамлакати мо бо роҳбарии Пешвои миллат намунаи ибрати ҷаҳониён гардида истодааст. Сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи барқарор ва таҳкими сулҳро дар мамлакати мо, ки дар муддати кутоҳ ба даст омадааст, омӯхта, ҷиҳати ба даст овардани сулҳ дар дигар кишварҳо тавсия додаанд. Ба туфайли сиёсати дуруст ва инсонпарварона бо тарафҳои мухолиф Пешвои миллат тавонист, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохта, бо дастгирии ҳалқ тамоми мушкилиҳои баъдиҷангиро паси сар намояд ва даст ба дасти ҳам ниҳода, барои ба маҷрои нав даровардани низоми фалаҷгаштаи ҳокимият ва оғози зиндагии нав талош варзад.

Дар давоми роҳбарии давлати тоҷикон, Пешвои миллат тамоми кушишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони ҷомеаи пешрафта равона месозад. Суханрониҳо, маърӯзаҳо ва сӯҳбатҳои Пешвои миллат дар ҳақиқат мактаби олӣ барои сиёсатмадорон, олимон, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон мебошанд ва бешубҳа дар қатори суханони беҳтарин нотиқони ҷаҳон абадӣ дар китобҳо ва расонаҳои гуногун боқӣ хоҳанд монд. «Эътироф кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат шаҳодат аз он дорад, ки мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи муҳими гузариш қарор дорад ва дар ин давра паи ҳам ивазшавии ҳокимият танҳо ба ноором гардидани тавозуни иҷтимоии мамлакат мегардад».

Бо шарофати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳалқи тоҷик муяссар гардид, ки на танҳо давлати худро аз парокандагӣ ҳифз намояд, балки таҷрибаи беҳамтои ҳалли низои дохилиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Бешубҳа, ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Мирзоев Хусравҷон Эраҷович - муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ