​Пешвои маорифпарвар

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба соли таҳсили навсуханрони намуда муваффақиятҳо, дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои соҳаи мазкурро таҳлил менамоянд, ки барои пешбурди соҳаи илму маориф комёбии бузург хоҳад шуд.

Таҷлили Рўзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳоинеки даврони соҳибистиқлолӣ, бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Воқеан илму дониш аз замонҳои хеле қадим чун нерўи асосӣ ва воситаи пешбарандаиҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешбурди соҳаи маориф ва ташаккули донишу маънавиёти ҷомеа тадбирҳои зиёде меандешад.

Ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархўрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои«ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳилаи гарм» дар минтақаҳоигуногуни дунё, инчунин тағйирёбиибосуръатииқлими сайёра имрўз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугўи тамаддунҳо ва тарғиби ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим мебошад.

Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳоисайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари сулҳҷўй, адолатпарвар борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомезӣ масъалаву мушкилот мебошад.

Дар ин замина Ҳукумати кишвар фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомўзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарин мешуморад. Зеро дар чунин давраи шиддати рўҳафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳоеҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд.

Бо мақсади он, ки ҷавонону наврасон ва умуман шаҳрвандон дар рӯҳияи гиромидошт ва омўзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи миллат»-ро эълон намудем.

Пешвои миллат қайд намуд, ки «ҳадафи мо аз иқдоми мазкур «тагурў» кардани таърих нест, балки мо мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳоидеринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд».

Дар ин асно Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро якҷоя бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон вазифадор намуд, ки ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чорахои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд.

Ниёгони бузурги миллати тоҷикдар масири таърихи бостонии халкамон ба омўхтани илму маърифатва касбу ҳунар таваҷҷўҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расиданба рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд.

Аз нахустин рўзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омўзгорон содиқонасиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ва давлатро ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худрогузоштанд ва гузошта истодаанд.

Хукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомўзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.

Чуноне, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рузи дониш ва Дасри сулҳ иброз дошт, «танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳоитаълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст».

Имрўз Ҳукумати кишвар барои пешбурди соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи самтҳои он аз муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбӣ ва олӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Барои ин тадбирҳои гуногун андешида шуда истодааст. Аз ҷумла маблағгузории соҳаи маориф ва илм, бунёди муасссисаҳои нави таълимӣ, ҷалби ҷавонон ба омўзиши илму дониш, баланд бардощтани маоши омўзгорон ва стипендияи донишҷўён аз тадбирҳои махсус ба ин соҳа мебошад.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ - Шарипова М.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ