Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм вазифаи муҳими таъмини амнияти миллӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Махсусан хавфнок будани терроризм дар он ифода меёбад, ки асоси онро кўшиши ҷиноятҳо оиди дар атрофи он ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори мўътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин ноил шудан ба мақсадҳои зидди ҷамъиятии худ ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Истилоҳи “террор” ва “терроризм” нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён истифода шудааст.

Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд. Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм на дар минтақаҳои алоҳида балки ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.

Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.

Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад. Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ