​Парчам–ифтихор ва муқаддасоти миллӣ

Чунин унвон дошт конференсияи илмӣ-амалӣ, ки дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд Мирзотоҳир Набиев ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирокдорони конференсияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз мақому нуфузи Парчам ва ҷойгоҳи он дар таҳкими нуфузу эътибори давлат таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки сиёсати маънавибунёд ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арҷ гузоштани муқаддасоти миллӣ ҳанўз азрўзҳои нахустини давлатдорӣ бо эътимоду боварӣ вусъат пайдо кард.

“Пешвои муаззами миллат Парчами давлатиро барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон унвон намудаанд. Боиси сарфарозист, ки пас аз Истиқлоли давлатӣ ҳамчун анъана Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона ба сифати рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон истиқбол ва ҷашн гирифта мешавад.Зеро парчам дар лаҳзаҳои душвору ҳассоси таърихӣ қабул гардида, ваҳдату иттиҳод ва сарҷамъии миллати тоҷикро таъмин намудааст” – зикр дошт ректори донишгоҳ.

Дар идомаи суханронии ректори донишгоҳ силсилаи ташаббус ва тадбирҳои раёсати донишгоҳ дар самти арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ мавриди шарҳ ва таъкид қарор гирифтанд.

Профессор Аюб Усмонзода иттилоъ дод, ки танҳо давоми 5 соли охир вобаста ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 339 конференсияи донишгоҳиву минтақавӣ, 364 семинару маҳфилҳо ва чорабиниҳои сатҳи факултету кафедраҳо, 17 озмуни умумидонишгоҳӣ ва 135 намоиши асарҳо ташкил ва баргузор гардида, дар 4500 гуруҳи академӣ соатҳои таълимиву тарбиявӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин 10 китоб ва 378 мақолаҳои устодони донишгоҳ ба нашр расида, айни ҳол ин раванд идома ёфта истодааст.

“Дар чорабиниҳои варзишӣ давоми 5 соли охир 361 медали биринҷӣ, 389 медали нуқра ва 789 медалӣ тилло ба даст омада, 1539 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ барафрохта гардидааст. Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодону муҳассилини донишгоҳ як рўзи фараҳбахшу боварӣ, иди бузурги сарбаландиву ҷавонмардӣ, лаҳзаи комрониву муваффақият пазируфта шудааст”- афзуд профессор Усмонзода.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд Мирзотоҳир Набиев Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров расонида, дар бораи моҳият ва рисолати парчамдорӣ ибрози назар намуд.

Конференсия бо ироаи маърӯзаҳои илмӣ идома ёфта, аз ҷониби устодони донишгоҳ перомуни нақш ва ҷойгоҳи Парчами давлатӣ андешаҳои судманд баён гардиданд.

Таҳти унвони “Аз таърихи парчамдории халқи тоҷик” мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ Ҳусейнов Фаррух, дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ва Истиқлол” мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудова Назира ва оид ба “Заминаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии қабул ва ҳифзи парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Мухторзода Киромиддин маърӯзаҳо ироа доштанд, ки пурмуҳтаво ва шуниданиву судманд буданд.

Бо суолу ҷавоб миёни иштирокдорон конференсияи илмӣ-амалӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Изҳори умед гардид, ки Парчами ҷумҳурии азизамон - Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ партавафшон ва дар сари миллати мо ҳамчун як рамзи сарбаландиву саодати халқ таҷассумкунандаи орзуву ормони миллати тоҷик бошад.

Хотиррасон менамоем, ки ташаббусҳои донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар факултетҳо идома ёфта, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ин санаи фархунда тадбирҳои зарурӣ ҷараён доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ