Паём - дурнамои миллат

Мусаллам аст, ки Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта мушаххас ва муайян карда мешаванд.

Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ тамоми самтҳои ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, аз љумла, ба соҳаи маориф изҳори назар намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як масъулини соҳа ва аҳли маорифчиён мебошад.

Вобаста ба ин, аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диқкати наврасон ва хонандагону донишљўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир љалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваљљуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориљӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомўзии шогирдону фарзандон эътибори љиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамалакат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намоянд.

Яке аз нуктаҳоимуҳимтарини Паём ин пеш аз ҳама, соҳаи иҷтимоӣ буд ва бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ, махсусан,маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои назаррасро ишғол менамояд. Ин сабаб шудааст, ки имрӯз сатҳи дониш ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, барои насли наврас, ҷавонон шароити хуб муҳайё гардад.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат ҷиҳати ба талаботи муосир ва байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи маърифатнокӣ ва дастоварҳои илмӣ, махсусан, алоқамандии илм бо истеҳсолот дастурҳои мушаххас доданд ва фикр мекунем ин роҳнамоҳо иҷрошаванда ҳастанд.

Бо дастгирии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат илми тоҷик мунтазам рушд менамояд. Боварии комил дорем, ки бо он дастгирие, ки имрӯз ҳаст ва тавассути амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба ихтироъкорию навоварӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ, инчунин забономӯзӣ ҷавонони мо дар риштаи рушди илми байналмилалӣ мавқеи худро пайдо менамоянд.

Сипас, таъкид гардид, кидавоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, қабули “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷикбарои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти муҳим амалӣ гардиданд.

Чунончи, таъкид гардид,ки соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии Юнеско ворид шуд ва ин боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостониимиллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин,барои рушди сайёҳӣ дар ин самт супориш дода шуд, ки назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида-Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Дар Паёми ироашуда таваљљуҳи Сарвари давлат доир ба пиёдагардонии мақоми зан дар ҷомеа саривақтӣ ва нуктасанҷона буд, зеро Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Ҷаноби олӣ қадру қимати занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, ӯро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва баробари ин як инсони пурқудрат арзёбӣ намуданд. Дар ҳақиқат, имрӯз дар мамлакат соҳаҳое нестанд, ки барои афзалиятнокӣ, пешрафти он мавқеи занонхуб ба назар нарасида бошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дасгириҳои занон аз ҷониби сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона намоянд.

Пешвои миллат ҳамеша таъкидмесозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намояд.

Ҳамин эътимоду боварӣ буд, ки имрӯз занон дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуда, баробари мардон дар сохторҳои роҳбарикунанда ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд ва барои рушду нумуи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд, ки ин боиси хурсандӣ ва шукргузории ҳар яки мо мебошад.

Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан-модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Натиҷаи ин талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар чомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари модарию ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро бар дӯш дорад.

Новобаста ба душвориҳои солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» №89 аз 1-уми марти соли 2005,;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» №1890 аз 19-уми июли соли 2022,;

– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);

– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №391 аз 6-уми августи соли 2001, тасдиқ гардидааст;

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №801 аз 30-юми декабри соли 2015, тасдиқ шудааст;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» №5 аз 3-юми декабри соли 1999.

Баланд бардоштани нақши занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат иброз намуданд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат намуда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, дар хориҷи мамлакат ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Имрӯз занону духтарони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар баробари ин, бобати тақвияти сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароит фароҳам оварда шуда истодааст. Бахусус, дар самти ба ҷойи кор таъмин намудани занону бонувон аз ҷониби роҳбарияти пойтахти кишвар иқдомҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Бояд иброз намуд, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Пешвои миллат махсусан зикр намуданд, ки «Бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат бо мақсади таъмин ва амалӣ гардидани волоияти қонун ҳамчун василаи муҳими татбиқи қонунгузории мамлакат баланд бардоштанимаърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсус таъкид шуд.

Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

КонститутсияиТоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастоварҳои муҳимтарини он мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шахрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бояд қайд намуд, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби он шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла, ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.

Хулоса, дар Паёми Президенти кишвар масоиле нест, ки қобили қабул набошад ва ҳар яки моро муваззафмегардонад, ки боз бештару зиёдтар масъулият ҳис намуда, баҳри пиёдагардонии гуфтаҳои Сарвари давлат саҳми арзандаи худро гузорем.

Юсуфҷонова Д.Х., Тоҳирова М.Ғ.– устодони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ