​Омӯзгор – машъалафрӯзи зиндагӣ

Устодони арҷманд, омӯзгорони азиз!

Шуморо дар иртибот ба Рӯзи омӯзгорон, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни Шумо ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои рисолати касбӣ барору пирӯзӣ ва музаффариятҳои тозаву навин таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ақл, шарафу виҷдон ва симои асосии ҷомеа унвон намуда, тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсониро дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста донистаанд.

Воқеан пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам ба шумор рафта, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу соҳибмаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши маҳз омӯзгорон вогузор шудааст.

Аз ин рӯ, масъалаҳои марбут ба зиндагии шоиста ва шароити арзандаи фаъолияти омӯзгорон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол то сол зиёд шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз зумраи ташаббусҳои оқилонаи мақомоти олии мамлакат ба шумор меравад, ки бо мақсади дастгирии намояндагони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорон татбиқ мегардад.

Феълан донишгоҳи мо дорои потенсиали бузурги кадрӣ буда, 872 нафар омӯзгор: 54 доктори илм, профессор ва 408 номзади илм фаъолият мебаранд, ки 53% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд ва машғули таълиму тарбияи шогирдон мебошанд.

Таъсиси 7 Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ва ихтисосҳои наву замонавӣ барои донишҷӯён аз падидаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар тайёр кардани кадрҳои соҳибунвон ва тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҷиҳати вусъат додани сафи устодони соҳибунвон «Барномаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст. Ин аст, ки дар панҷ соли охир сафи устодони соҳибунвон зиёд гардида, ба 111 рисолаи номзадӣ ва 11 рисолаи докторӣ рост меояд. Ҳамчунин дар нақша аст, ки дар давоми 5-соли минбаъда ҳимояи 61 рисолаи докторӣ ва 307 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расонида шавад.

Иштирок ва сазовор гардидани 109 нафар донишҷӯи донишгоҳ ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм – фурӯғи маърифат”, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." аз музаффариятҳои донишгоҳ мебошад. Боиси сарафарозист, ки донишҷӯёни донишгоҳ байни 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар олимпиадаи фаннӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Инчунин, давоми солҳои охир дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми сеюмро касб намуда истодааст, ки ин аз сифати таълиму тарбия ва заҳмату талошҳои пайвастаи устодони соҳибхиради донишгоҳ дарак медиҳад.

Нашри монография ва асарҳои устодони донишгоҳ сол то сол афзуда, теъдоди умумии онҳо дар панҷ соли охир беш аз 1000 адад ва мақолаҳои илмии устодон дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби Комиссияи олии атеттатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба қайдгирифташуда беш аз 12 ҳазорро ташкил додааст, ки он дар таъмини адабиёти таълимӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар панҷ соли охир бо назардошти дастовардҳои муҳими илмиву эҷодӣ устодони донишгоҳ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ – аз ҷумла 17 нафар бо мукофоти давлатӣ, 46 нафар бо унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 60 нафари дигар бо мукофоту ифтихорномаҳои соҳавии маорифу фарҳанги кишвар қадршиносӣ гардиданд.

Дастовардҳои бузурги ҷомеаи устодон, кормандон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар таълиму тарбия, ба воя расонидани мутахассисони баландихтисос, инкишофи илм, фарҳанг, маориф, бунёди пояи мустаҳками моддӣ-техникӣ, таълимӣ-тарбиявӣ, неруи тавонои илмиву зеҳнӣ имконият ва заминаи онро фароҳам овард то ки донишгоҳ ба яке аз марказҳои бонуфузи илмиву таълимӣ табдил ёбад.

Итминони комил дорем, ки омӯзгорон минбаъд низ ҳамчун нерӯи пешбар ва иқтидори воқеии пешрафти мамлакат баҳри таъмини рушди Тоҷикистони азиз ва таълими ҷавонони соҳибхираду донишманд ва мутахассисони касбиву мутобиқ ба талаботҳои муосир саҳми муассир мегузоранд.

Иди касбӣ муборак, машъалафрӯзони зиндагӣ!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ