​Олимон-захираи бузурги зеҳнии ҷомеа

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё дар фаъолияти соҳаи маориф ва илми кишвар саҳифаи ҷадидеро ифтитоҳ бахшид. Ба таъбири дигар, суханронии Роҳбарии олии давлатро дар ин мулоқот метавон суханронии таърихӣ, дастури созанда ва ҳуҷҷати роҳнамо маънидод намуд, ки ҷомеаи илм ва маорифи мамлакатро сӯйи дастовардҳои тоза ва музаффариятҳои навин ҳидоят мебахшад.

Пешвои муаззами миллат ҳини суханронӣ илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа унвон намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар ин мулоқот аз ҷониби Сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт, вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва сатҳи корҳои илмӣ маҳсуб меёбад.

Роҳбари олии мамлакат таъкид доштанд, кисифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмиро Пешвои миллат хунукназарии шӯроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда унвон намуданд.

Изҳори нигаронӣ шуд, ки дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест.

Воқеан солҳои охир дар мавриди аз ҷониби шабакаи «Диссернет» фош шудани даст ба асардуздӣ задани шумораи зиёди олимон хабар нашр мешавад.

Чуноне Роҳбари давлат иттилоъ доданд, то имрӯз аз ҷониби «Диссернет» 150 нафар олимони тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) зимни таҳияи рисолаҳои илмӣ ба асардуздӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Дипломи 7 нафари онҳо бо пешниҳоди «Диссернет» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия беэътибор эълон гардидааст.

Мусаллам аст, ки бе рушди илм дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа ва давлат ба дастовард ноил гардидан ғайриимкон аст. Маҳз ҳамон давлатҳое ба пешрафт ноил мегарданд, ки захираи зеҳнии онҳо - олимон фаъолияти пурсамар ва сифатнок анҷом дода, дар самти таъмини рушди илм мунтазам талош меварзанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти илмӣ тамоми шароит фароҳам аст. Бахусус, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф зиёд гардида, барои олимони ҷавон, муҳаққиқон, дар маҷмуъ барои довталабони роҳи илм шароити зарурӣ фароҳам карда шуд.

Роҳи илм роҳи душвор, аммо бошараф аст. Ҳар нафаре, ки дар роҳи илм қадам мегузорад, масъулияти бузургеро бар дӯш мегирад.

Бо назардошти аҳамият ва мақоми рушди илм зарур аст, ки навроҳони илм ин масъулияти баландро эҳсос намуда, дар таҳкими нуфузи илми тоҷик саҳим бошанд.

Мафтуна Исмоилова,

омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ