​Оғози таҷрибаомӯзии омўзгорӣ

Таҷрибаомўзӣ педагогии донишҷӯён яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, дар донишгоҳҳо давраи таҷрибаомўзӣ ду марҳиларо фаро мегирад. Аввалин кўшишҳои татбиқи донишҳоиназариявӣ дар давоми таҳсил бадастоварда маҳз дар ҳамин давра анҷом дода мешаванд. Ҳар қадар ки дар мактаб таҷрибаомўзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати омўзгорӣ устувор мешавад.

Дар иртибот ба ин дар факултети филологияи тоҷик тибқиНизомномаитаҷрибаомўзиипедагогиимуассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷўёни курси 4-уми шуъбаи рўзона конфронси ифтитоҳии таҷрибаомўзон гузаронида шуд.Дарконфронс муовини декани факултет Шуҳрат Раҳматов мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Назирҷон Пӯлодов, мудирони кафедраҳо, методистони зергурўҳҳо ва педагогону равоншиносон иштирок доштанд.

Зимни конфронс зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи донишҷўён, ки ба соҳаи маориф нигаронида шудааст, андӯхтани таҷрибаи омӯзгорӣ хеле саривақтӣ буда, он имкон медиҳад донишҳои назариявиро донишҷӯён дар ин марҳила дар амал татбиқ намуда, дар ниҳоди ҳар яки онҳо меҳру шафқатро нисбати касби интихобкардаашон бедор намояд. Қайд шуд, ки донишҳое, ки аз фанҳои гуногун ва махсусан, аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, методикаи таълими забони тоҷикӣ, методикаи таълими адабиёти тоҷик, воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи таълим, педагогика ва психология, кидар назария омӯхта буданд, дар амал татбиқ менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ