​Нишасти 198-уми маҳфили илмиву адбии “Ганҷи сухан”

Дирӯз дар толори Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки адибону олимон, устодону донишҷӯён ва кормандони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғднишасти198-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, баргузор гардид. Нишасти мазкур бо ибтикор ва дастгирии роҳбарияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд сурат гирифт.

Дар сухани ифтитоҳоии худ роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, ки ин даъфа дустдорони илму адаб аз иттифоқҳои касаба ба маҳфил пайвастанд ва мехоҳанд минбаъд низ дар нишастҳо ширкат варзида, аз суханрониҳои олимону адибон баҳраманд гарданд.

Сипас, Нӯъмонҷон Обидзода муовини Раиси шӯроииттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ омили рушди ҷомеа”баромад карда, оид ба масоили баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги ҷомеа изҳори назар кард. Аз ҷумла гуфт, ки “баробари омилхои моддӣ омилҳои маънавӣ – аз ҷумла забон, мусиқӣ, фарҳанг ҳамчун рукнҳои асосии ваҳдати миллат ва рушди ҷомеа хидмат мекунад. Таҷрибаи миллату давлатҳои пешрафта ин ҳакикатро ба хубӣ собит намудаанд ва дар ин раванд кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат самараҳои нек оварда истодааст. Аз ҷумла хотираи таърихӣ, донишҳои илмӣ ва анъанаҳои дерина дар ин раванд таъсири худро мегузорад.

Адабиётшинос ва шоири тозапардоз Баҳром Раҳматзод бар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” ҳозиринро бо китобҳои нав ошно намуд. Аз ҷумла дар радифи китобҳои марбут баМ.Д “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” доид ба чопи осори адабиётшиноси маъруфи тоҷик шодравон Саъдулло Асадуллоев иттилоъ дод.

Мавсуф дар мавриди китоби тозанашр бо номи “Сайёдони маънӣ”, ки ба кӯшишиадиб ва муҳаққиқи пуркор Иброҳими Наққош дар заминаи китоби мунтахаби Муҳаммад Қаҳрамон иборат аз гулчин осори суханварони сабки ҳиндӣ руи кор омадааст изҳори назар намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби роҳбари маҳфил китоби нави Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода “Нӯҳ авроқи абҷад”, иборат аз ашъори тоза, ки дар нашриёти “Ношир” интишор гардид муаррифӣ шуд. Ҳамчуни оид ба китобҳое монанди “Камоли одамият”-и Сайид Акбархон Исомаддинов, “Нури зиндагӣ”-и Нуруллохон Охуновва чандеи дигар сухан рафт,

Баъдан дар мавзӯи “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз наврӯз” Нуралӣ Нурзод доктори илмҳоифилология, професссор устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад кард. Ӯ аз инъикоси ин ҷашн дар осори адибони классикӣ сухан карда, маълумотҳои ҷолиби таърихиву адабиро баррасӣ кард.

Субҳон Аъзамзод, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Маҳфилҳои адабӣ ва худшиносии миллӣ “ сӯҳбати ҷолибе намуда,аз таърихи маҳфил ва маҳфилороии адибонва аҳли илму фарҳанг дар кишвари мо сухан кард. Аз ҷумла зикр кард, ки “ яке аз ҳадафҳои маҳофили адабӣ дар гузашта шаклгирии равияҳои нави адабӣ, ташаккули ҷаҳонбиниву маслаки хоса, сабки тоза дар шеъру шоирӣ, парвариши завќи ҷавонон ва ҷавонони соҳибзавќ буд. Маҳфили адабии Садри Зиё ҳамин хусусиятро дошт ва сабаби пайдоиши равишҳои тозаи адабиёти тоҷик ва зуҳури ин гуна ҷавонон гардид. Устод Айнӣ ишора мекунад, ки аксари «материалҳои ибтидоӣ, лекин муҳими адабӣ»-ашро аз маҳфили Садри Зиё гирифтааст” Субҳон Аъзамзод илова кард,ки “аз ҳама муҳимтар, Садри Зиё дар силсилаи таълифоташ кўшиш ба харҷ дода, ки дар чигунагии маҳофили адабӣ дар замони худ, мазмун, муҳтаво ва шакли баргузории онҳо, моҳияти баҳсу баррасиҳои шуаро ва фузало иттилои фаровон ҷой диҳад. Ҳини сӯҳбат Субҳон Аъзамзодаз «Тазкирату-ш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мўҳтарам мисолҳои ҷолиберо овард,ки фазои маҳфилҳои Садри Зиёро ифода мекунад.

Дар поёни маҳфил Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода баромад карда, оид ба арзиши маҳфили “Ганҷи сухан” изҳори назар намуд ва чанд ғазали тозаи худро аз китоби тозанашр барои ҳозирин эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ