​Нақши Пешвои миллат дар масири пешбурди манфиатҳои миллӣ

Барқарор ва густариши равобит бо ҷаҳони хориҷӣ, шиносондани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ, яке аз мушкилтарин, ҳамзамон муҳимтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд. Чунин вазъият тақозо менамуд, ки ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати хориҷӣ диққати аввалиндараҷа диҳад ва онро яке аз самтҳои авлавиятноки давлат шуморад.Мутаассифона, оѓози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафоти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашт, монеаҳои ҷиддие барои расидан ба ин ҳадафҳои воқеан муҳим эҷод намуд. Дар чунин шароити вазнин ва номусоид Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ёфт. Вале, хушбахтона Тоҷикистони навтаъсис бо роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар муддати нисбатан кўтоҳ тавонист, ки пояҳои давлатдориро мустаҳкам намояд, миллатро муттаҳид кунад ва мавқеи кишварро дар ҷаҳони хориҷӣ устувор гардонад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми саъю кўшиши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёдгараш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа равона карда шуда буд. Бояд тазаккур дод, ки дар амал татбиқ намудани чунин сиёсати хориҷии башардўстона, пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ нигаронида шуда, меҳвари онро фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ бароиҳар як сокини кишвар, таъмини сулҳу суботи онҳо ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ташкил медод. Ҳамзамон, роҳбари давлат борҳо ибрози ақида менамуданд, ки Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳояш омода аст, то бо тамоми кишварҳои дунё равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барпо намояд. Илова бар ин, ҳанўз 26 июни соли 1993 сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромадашон дар Иҷлосияи XVII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва баҳисобгирии манфитҳои олии давлат бунёд мегардад.

Маҳз ҳамин гуна ҳадафҳои нек ва прогматикӣ замина гузошатанд, ки сарфи назар аз мушкилиҳои ба вуқуъомада, Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушд гузарад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шавад. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии пешвову сиёсатмадори дурандеш Эмомалӣ Раҳмон тавонист кишварро баъди сипарӣ намудани чандин даври музокирот, на танҳо аз вазъияти буҳронӣ раҳо намояд, балки онро ба ҷаҳониён бо нақшаҳои бунёдкоронааш ва ҳадафҳои сиёсии сулҳҷўёнааш ошно созад. Шурӯъ аз солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди демократия, институтҳои демократӣ ва шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ, дастрасӣ доштани аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма ба иттилоот тадбирҳои зиёд андешидааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзе, ки ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд (ноябри соли 1992), барқарор намудани равобити бисёрсамтаи кишварро бо мамлакатҳои минтақаҳои гуногун, созмонҳои байнидавлативу ѓайридавлатии бонуфуз, яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва ҷавобгў ба манфитҳои миллӣ ҳисобида, баҳри дар амал татбиқ намудани он саҳми беандоза гузоштанд.

Дар таърихи 29 сентябри соли 1993 роҳбари давлат бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нақшаҳову ҳадафҳои бунёдкорона ва сулҷӯёнае, ки барои расидан ба ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амният дар Тоҷикистон равона гардида буд, ошно сохтанд. Инчунин, ҳангоми баромад аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аҳли башарро бовар кунониданд, ки Тоҷикистон ба масъалаи таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон диққати аввалиндараҷа дода, омода аст, бо онҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ба манфиатҳои тарафайн ҷавобгў, барпо намояд.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Аз ин лиҳоз, сиёсати сулҳпарварона ва ташаббускоронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди дастгирии на танҳо мардуми шарифи кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Чунин ҳолат барои бунёди сиёсати маваффақи хориҷӣ заминаи муҳим гузошта, барои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷӣ дар солҳои минбаъда мусоидат намуд. Ҳанўз соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, 1995 ду созмон ва соли 1996 боз ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурўъ намуданд, ки аз сиёсати хориҷии дуруст ва муваффақи давлати навтаъсиси тоҷикон шаҳодат медод.

Имрўз баъди сипари гаштани зиёда аз 31 сол аз замони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон қайд намуд, ки дар ҳақиқат нақшаву ҳадафҳои созандаи роҳбари давлат дурустӣ ва бамавридии худро исбот намуда, обрўву манзалати диёрро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардошт. Дар натиҷа истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 160 мамлакати ҷаҳон эътироф намуд. Чунин сиёсати ботадбиронаву дурандешонаи сарвари хирадмандамон боис гардид, ки ҳоло кишвари мо бо аксарияти онҳо муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки 24 сентябри соли 2002 аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим намуд, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Сипас, 2 декабри худи хамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» қабул гардид. Дертар роҳбари давлат зимни табрикоти худ ба муносибати фарорасии соли нави 2003 иброз доштанд, ки «дар мавриди сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд гуфт, ки мо сиёсати дарҳои кушодаро интихоб ва эълон кардаем. Дар ҳамин замина мо минбаъд низ муносибатҳои неки дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо ҳамаи давлатҳое, ки бо мо робита ва ҳамкории беғаразона доштан мехоҳанд ва пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздиктарини худ, яъне кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш хоҳем дод».

Бо вуҷуди эълон доштани сиёсати «дарҳои боз» аз охири соли 2002 пас аз қабул шудани Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои коргирӣ аз чунин сиёсат аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон қаблан зикр шуда буданд. Аз ҷумла, сарвари давлат дар изҳороти худ роҷеъ ба яксолагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид моҳи марти 1993 изҳор доштанд, ки «ҳамчун узви СММ Тоҷикистон дарҳои худро барои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ кушодааст». Дарвоқеъ, роҳбарияти кишвар аз солҳои аввалини давлатсозӣ барои таҳкими робитаҳои судманд бо давлатҳои минтақаҳои гуногун ва тезонидани раванди таҳаввулоти демократӣ, зарурати бунёди сиёсати хориҷии бисёрсамтаро дарк намуд ва барои амалӣ гардидани он чораҳои мушаххас андешид, ки паси онҳо манфиатҳои миллӣ меистоданд.

Гарчанде имрўз аз қабули аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки пояи он сиёсати «дарҳои кушод» буд, фурсати начандон тўлони сипарӣ гардида бошад ҳам, он баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дохиливу хориҷӣ, баланд бардоштани обрўву нуфузи кишвар ва ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналхалқӣ пазируфта шудани Тоҷикистон мусоидат намуд. Бунёди сиёсати хориҷии бисёрсамта имконият фароҳам овард, ки равобити гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа дар асоси баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои тарафайн ва эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ амалӣ карда шаванд.

Холдоров О.Н., н.и.с., сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ