​Муқовимат ба коррупсия, моҳият ва аҳамияти он

Дар Ватани азизамон - Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия яке аз ҳадафҳои муҳими ҷамиъятӣ табдил ёфта, бо фармони Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2025» аз 30 августи соли 2013, № 1504 қабул гардида, ду бор - аз 13.06.2016 № 703, аз 19.06.2017 № 892, ба он таъѓирот ва иловаҳо қабул гардид. Дар Стратегияи пешбинигардида дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №374 “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 21 июли соли 2010, №626 “Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ”, аз 21 июли соли 2010, №631 “Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ”, аз 29 декабри соли 2010, №644 “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ”, аз 25 марти соли 2011, №684 “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаҷгузории терроризм”, аз 25 марта соли 2011, №687 “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ”, аз 25 марти соли 2011, №702 “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, аз 28 июни соли 2011, №720 “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, аз 28 июни соли 2011, №721 “Дар бораи амният”, аз 28 июни соли 2011, №723 “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 28 июни соли 2011, №749 “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 2 августи соли 2011, №751 “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, аз 16 апрели соли 2012, №828 “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 1 августи соли 2012, №895 “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат”, аз 28 декабри соли 2012, №925 “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” танзими худро ёфтаанд. Ҳамзамон, қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №864 “Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №431 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” ҳамчун ҳуҷҷати кӯтоҳмӯҳлати давлатӣ дар радифи Стратегия, идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ заминаи устувор барпо намуд.

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, дар назар аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, №968 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ оид ба ҳамоҳангозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис ва ба фаъолият шурӯъ карда, ба амалисозии як зумра чорабиниҳои судманд дар сатҳи умумимиллӣ оѓоз бахшид.

Банди сеюми Стратегияи мазкур «Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия» буда барои амалӣ гардонидани банди мазкур дар Донишгоҳамон, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он, шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, таҳлил ва масъалаи бартараф намудани он муҳокима мегардад.

Пешгирии коррупсия ҳамчун воситаи самаранок эътироф гардида, дар маҷмӯъ таҳлили хавфҳои коррупсия, аз тарафи устодони Донишгоҳ, иҷро намудани барномаҳои миллӣ ва соҳавии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани соҳаҳои бештар ба хавфҳои коррупсия гирифторшуда, сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва андешидани тадбирҳои дахлдори ҳуқуқию амалиро фаро мегирад.

Дар охир қайд кардан ҷоиз аст, ки мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ