​Мо тарафдори сулҳ будему ҳастем

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз азал мардуми сулҳпарвар, озодихоҳ, меҳмондӯст, қадршинос, баландҳиммат, пурсабру ботаҳаммул буданду ҳастанд ва дар ҳеҷ давру замоне аз рӯи кинаву бадбинӣ тоҷик ба сари хешу бегона санг задаву теғ набардоштааст. Барои миллати тоҷик аз кӯдакони наврас то пири солхӯрда, чи марду чи зан бо сулҳу салоҳ, тинҷиву осоиштагӣ зистану бо ободкориву созандагӣ машғул шуданаз ҳарчӣқиматтару фараҳафзотар аст. Бешак, тоҷикон дар олам ҳамчун халқи соҳибтамаддуну соҳибмаърифат, сулҳпарвару башардӯст муаррифӣ гардидаанд. Воқеаҳои фоҷиабору пудаҳшате, ки чанд рӯзи ахир миёни мову ҳамсоякишвари мо Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастанд, гумон мекунам, ягон фарди солимақлу ҳушёрро бетараф нагузошт. Хуни чандин одамони бегуноҳ рехта шуд, ҷавонони аз сад гул як гулашон ношукуфта, ҳатто кӯдакони маъсуми ба ҳукми гул буда бар асари тири адӯ зери хок шуданд. Чандин хонаву манзили бо ҳазорон ранҷу умеду орзуҳои ширин бунёдёфта сӯхтанду вайрону валангор гардиданд. Во дареғо! Во ҳасрато!Чӣ бедодие! Ҷанг ҷанг аст, охир, пайомадаш чунин аст, ҷонсӯзу ҷигарсӯз аст!

Барҳақ гуфтааст шоири ватансаро Низом Қосим:

Ҷанг , ҳар ҷанге, ки бошад,ҳақкуш асту ноҳақ аст,

Ҷангҷӯ ҳар кас, ки бошад, ноҳақ асту аҳмақ аст.

Имонам комил аст, ба ҷанг пайвастану ба бедодгариҳо даст задани халқи қирғиз ҳаргиздасти мардуми одӣ нест, чунки мо солҳои тӯлонӣ паҳлӯ ба паҳлуи ҳам тинҷу осоишта умр ба сар мебурдем, бо ҳам рафтуомад доштем, нону намаки ҳамдигарро тановул мекардем. Ин кори чанд фитнаангезу дасисабоз, душманони миллати мост, ки рушду пешравии Тоҷикистонро дида наметавонанд ва бо чунин кирдорҳои ваҳшиёнаву ноҷавонмардона оромиро халалдор месозанд. Мо, тоҷикон, ҳаргиз ҷангҷӯ нестем, вале ҳифзу ҳимояиВатани азизамонро қарзи фарзандии хеш медонем. Ман ҳамчун- зан модар ҷангҷӯёнро сахт маҳкум мекунам, назди шуҷоату матонат ва қаҳрамониҳои фарзандони диловарамон сари таъзим фуруд меорам. Ба ҳамаи хонаводаҳое, ки аз ин ноамниҳо мотамзада шуданд, зарари молию маънавӣ, талафотдиданд, аз Худованд сабри ҷамил хоста, тасаллият изҳор. медорам.

Мавлуда Шарифзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ