​Мизи гирд: Роҳҳои муосири муқовимат бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯз, 16-уми июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиён бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии сиёсии тарғиботчиёни ҷавон "Андеша" таҳти ин унвон баргузор гардид. Гуфта шуд, ки ин тадбир дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояту роҳнамоии Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар самти пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа, бо иштироки муовини сардори шуъбаи терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Маҳкамов Далерҷон, Сардори шуъбачаи оперативии пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонони шуъбаи оперативии огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Толибзода Мулломухтор, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Муноҷот Қаҳҳорова ва ҷалби васеи олимону донишмандон, ҷомеашиносон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷараён гирифт.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори маҳфил оғоз бахшида, таъкид дошт, ки дар замони муосир таҳдиду хатарҳо ба суботи сиёсӣ хеле зиёданд. Дастовардҳо дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин масъалаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои мазкур боиси пайдо гардидани хавфу хатар ва таҳдидҳои нави замонавӣ гардидаанд. Дар чунин шароит шабакаи Интернет афзалиятҳои бемаҳдудро соҳиб гардида, ҷомеаро ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ намудааст. Дар миёни онҳо ҷиноятҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор мераванд. Мубориза бо онҳо амали саривақтӣ ва хеле зарурист. Яке аз чунин шаклҳои таҳдид ба амнияту субот, ки дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ба амал омадааст – кибертерроризм маҳсуб меёбад. Баррасии масъалаи таъсири кибертерроризм ба амнияти миллӣ аз манфиат холӣ набуда, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.

Сарвари Донишгоҳ бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки "Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд".

Сардори шуъбаи терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Далерҷон Маҳкамов роҷеъ ба хатарҳо ва анггезаҳои муосири муқовимат бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо овардани факту далелҳои раднопазир ибрози назар намуд. Мавсуф қайд намуд, ки масъалаи паҳншавии киберҷиноятҳо имрӯз тамоми миқёси ҷаҳонро фаро гирифта, хисорот ва зарари расонидаи он ба миллиардҳо доллари амрикоӣ мерасад ва таҳдиди воқеӣ барои амнияту субот аст. Аз ин рӯ, вазифаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберамният баҳри рушди давлатдорӣ ва оромии ҷомеаву шаҳрвандон аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асари бунёдии «Киберҷанг ва кибертерроризм» ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ «Кибертерроризм - ин ҳамлаҳои дорои ангезаи сиёсӣ буда, аз ҷониби гурӯҳҳои зермиллӣ ё агентҳои махфӣ ё шахсони алоҳида бар зидди низомҳои иттилоотӣ ва компютерӣ, барномаҳои компютерӣ ё нишондодҳо анҷом дода мешавад, ки натиҷаи он зӯроварӣ ба ҳисоб меравад». Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки кибертеррористон бо назардошти манфиатҳои сиёсӣ ҷиноятҳои худро амалӣ мекунанд.

Дар идома Толибзода Мулломухтор, подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон перомуни мавзуи баррасишаванда ибрози назар намуданд. Дар баромадҳои таъкид рафт, ки солҳои охир ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистивутеррористӣ,тундраву ифротгаро яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар ба шумор боқӣ монда,мусибат ва хатарҳоимудҳишро дар пай дорад. Аз ин рў, дар шароити кунунӣ ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати баландбардоштани сатҳу савияи дониши сиёсиву динӣ ва эҳсоси худшиносивуватанпарастӣҷиддан ва сидқан муносибат намоем.

Ректори Донишгоҳ ҷиҳати пешгирӣ аз пайомадҳои хатарноки зуҳуроти номатлуб ва нақши таъсирбахши зиёиёну ҷавонон дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва мубориза алайҳи таҳдидҳои муосир як қатор вазифаҳои мушаххасро пешорӯи олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ вогузор намуд.

Кори ҳамоиш бо музокира анҷом пазируфт. Дар ин қисмат Илҳоми Ҷамолиён – Раиси бахши Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Насриддинов Замониддин – муовини ректор оид ба таълими ДКМТ дар шаҳри Бӯстон ва дотсенти Донишгоҳ Шавкат Шарипов андешаву пешниҳодоти худро перомуни мавзуи баррасишуда манзур карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ