​Масъалаҳои рушди илмҳои психология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии таҳти унвони «Масъалаҳои рушди илмҳои психология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо ва дурнамо», бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳузури донишмандону муҳаққиқони ватанӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо барномаи он ошно сохт. Мавсуф афзуд, ки Истиқлоли давлатӣ даринкишофи фитриву фикрии насли наврасвапешрафти маънавии ҷомеа яке аз марҳилаи дурахшону пурифтихор ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм ва таъсиси ихтисосҳои ҷавобгў ба бозори меҳнат ба омўзгорон ва дастандаркорони соҳаи илму маориф супоришҳои мушаххас дода, ин равандро бевосита зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд. Зеро омўзиши муаммоҳои психологӣ дар шароити муосир барои ҳалли баъзе масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини солимии ҷомеа ва бартараф кардани ҳолатҳои эмотсионалию иродавӣ ёрмандӣ мекунад.

Сипас, Суйфиддин Расулов – мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгоронитаҳсилоти олии касбӣ дар мавзуи “Ташаккули маром ва таҳсил–заминаи рушди қобилиятҳои зеҳнӣ”, Ҳусейн Зайтметов – мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии донишгоҳ дар мавзуи “Муаамо ва дурнамои рушди психологияи илмӣ ва амалӣ дар даврони Истиқлол”,Раъно Ҳоҷибоева – муаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии донишгоҳ таҳти унвони “Таҳқиқи ҳолати стиресси донишҷўён дар вазъияти гуногуни таълимӣ ва роҳҳои ислоҳи он” маърӯза ироа намуданд. Дар баромадҳо муаммоҳои психологияи муосир, нақши макотиби олӣ дар рушди илми психология ва муаммову дурнамои он ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки заминаи масъалаҳои баррасишаванда беш аз 100 мақола ба кумитаи тадорукот ворид гардида, дар назар аст, ки дар фурсатҳои наздик ба шакли маҷмўаи мақолоти илмии ин ҳамоишба чоп расад.

Тибқи барнома конференсия дар бахшҳо ба кори худ идома бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ