​Конференсия: Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти рус

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба эълон гардидани соли 2023 Соли забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, робитаи байнифарҳангӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус» бо ишироки олимону муҳаққиқони соҳа баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом меҳмононро хайрамақдам намуда, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф иброз дошт, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон доир ба омӯзиши забони русӣ ва даигар забонҳои хориҷӣ мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки: “Дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ зарурати бештар дорад”.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, барои омӯзиши забони русӣ нерӯи илмии донишгоҳ қавӣ буда, ҳамеша ба таври афзалиятнок аз он истифода карда мешавад.

Сипас, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нуров дар мавзуи “Мушкилот ва муаммоҳои тарҷумаи осори адабӣ дар замони муосир”, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Робия Раҳимова дармавзуи “Масъалаҳои мубрами методикаи таълими адабиёти рус” ва дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факултети филологияи рус Восит Шарипов дар мавзуи “Аз таърихи тарҷумаҳои русии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки конференсия кори худро дар панҷ бахш вобаста ба масоили мубрами забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, робитаи байнифарҳангӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус идома дода, дар бахшҳо зиёда аз 100 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи мавриди назар мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор хоҳанд гирифт.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб дар сухани ҷамъбастии худ баргузории ҳамоиши бонуфузи ҷумҳуриявиро дар донишгоҳ пурсамар арзёбӣ намуда, афзуд, ки рӯй овардан ба таҳлилу баррасии муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта шароити мусоидеро барои табодули афкору таҷриба фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки маводи конференсия шомили зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ба нашр хоҳад расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ