​ИСТИҚЛОЛ ВА БОЗТОБИ ОН ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК

Хуршед ҳар саҳар дарвозаи рӯзро боз мекунад ва зиндагии тоза оғоз мешавад ва шом бо ғуруби хеш ин дарвозаро мебандад. Садҳо ҳазорон сол аст, ки чархаи гетӣ ба ин равиш мечархад ва инсонҳо шоҳиди ин ҳол ҳастанд. Ҳаройина, суханвароне ва андешаварзоне ҳастанд, ки эҳсос кардаанд бояд ин мақоми волои сарчашмаи Меҳрро ситуд ва дар зеҳну ҳуши инсон ин боварро тоза кард ва беш аз ин башар рӯзеро дар тақвим махсус ба «Рӯзи Офтоб» кардааст, агарчи ҳама рӯз рӯзи Офтоб аст ва рӯзро бидуни Офтоб тасаввур натавон кард.

Фарҳанг ва тамаддуни оламафрӯзи тоҷик ва тасдиқу таъкид бар ҷойгоҳи он, ба ҳаққи истиқлоли он ба ин қиёс аст. Яъне ҳақиқатест ба ин андоза равшану бебаҳс, аммо лаҳзае бояд аз ёдкарди он, посдории он, ҳимоят аз он фориғ набуд, хосса ки таърих ёд медиҳад агар чунин амал нашавад, имкон дорад ҳар лаҳзае, аз ҳар гӯшае ба инкори ин ҳақиқат гуфторе ва рафторе сурат бигирад ва беоқибат ҳам намонад.

“Адабиёти замони Истиқлол” мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиеро фаро мегирад, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзўъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рўҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд. Аз ин рў, навиштаҷоти манзуму мансури фаровонеро, ки солҳо бо номи шеъру достону повесту роману драма ва ё очерку мақолаҳои публитсистӣ дар ин марҳилаи замонӣ чоп шудаанд ва моли адабиёти бадеӣ нестанд, набояд ба адабиёти замони Истиқлол нисбат дод.

Рўҳ ва андешаи замони Истиқлол натанҳо дар асарҳои бадеие, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзўъ ва масъалаҳои он вобаста мебошанд, балки метавонад дар асарҳои адабие низ, ки ба таърихи дуру наздики кишвар, мавзўъҳои суннатӣ ва ҷовидонии адабиёт, монанди ишқ, ватан, модар ва ғ. бахшида шудаанд, ҳамчунин дар тарҷума, нашр, нақд ва таҳқиқ низ бозтоб гардад.

Дарёфти расмии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри 1991) ба раванди адабӣ дар кишвар ва ҷустуҷўҳои эҷодии адибони он, аз он ҷумла ба муҳтаво ва сабки осори онҳо таъсири назаррас расонд.

Адибони тоҷик, чи номиву чи ҷавон ва чи соҳибтаҷрибаву чи навқалам, бидуни истисно, эъломи Истиқлоли давлатиро ба хушӣ пазируфтанд ва ба он ҳамовозӣ карданд. Устод Муъмин Қаноат достони “Ҳамосаи дод” (1995)-ро бо байти зерин оғоз карда буд:

Мурғи Истиқлол омад пайки иқболи баланд

Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.

Зимнан, аз фаро расидани замони Истиқлол аз устодон Муъмин Қаноату Лоиқ сар карда, то Аҷамию Аҷамрод ва се Бузургмеҳр – Баҳодуру Ҳакиму Тоҷиддину Муҳриддини Сабурӣ ва шоирони дигар истиқбол кардаанд, ки баъдтар низ дар ин хусус мулоҳиза хоҳем ронд.

Дар бораи сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ (5 майи 1992) дар Тоҷикистон дар ин муддат сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва коршиносон, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, мушоҳида ва мулоҳизаҳои зиёде гуфта ва навиштаанд. Аз адибоне, ки ба ин мавзўъҳо даст задаанд, ба назари камина, бештар ва беҳтар аз ҳама Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Ўрун Кўҳзод дар ҳикояи “Гудоз” (1993), қиссаи “Гуреза” (1994), мақолаҳои публитсистии “Муроҷиат ба мардум” (1994), ҳикояи “Киройи гиря надошт” (1998), достони мансури “Се роҳакӣ аз се ҳизб” (2002) ва хосса дафтари панҷуми романи машҳураш “Ҳайҷо” (2012) андеша рондааст. Муаллиф, чунонки ба сабки нигорандагии ў дар бисёре аз асарҳояш хос аст, ҳодисаи мазкурро бо ҳавсала ва диққати тамом мисли як ҳуруфнависи (стенографисти) чирадаст ба қалам овардааст. Ба ў дар ин кори душвор доштани таҷриба ва малакаи зиёди нависандагӣ, мушоҳидаҳои бевоситааш аз ин ҳодиса, ки дар пеши чашми ў мегузаштанд, шиносоияш бо иштироккунандагони он, мутолиаи пайгиронаи он воқеаҳо мусоидат намудаанд. Бино бар навиштаи нависанда, воқеа ва ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварданд, пеш аз ҳама, ба фурўпошии босуръати Иттиҳоди Шўравӣ дар як шаб, таъсиси панҷ ҳизби қудратталаби сиёсӣ ва се сиёсатро тарғибу ташвиқ кардани онҳо дар ду марказ вобастагӣ дорад.

Дар насри замони Истиқлол якчанд ҳикоя, қисса ва романҳое низ ба вуҷуд омаданд, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои солҳои 90 дар Тоҷикистон бахшида нашуда бошанд ҳам, дар онҳо ишораҳое ва ё саҳнаҳои ҷудогонаи он солҳо ва тамсилҳое аз онҳо ҷо доранд, ки, бидуни шак, дар бозтоби ҳунарии замони Истиқлол ҳар як ҷойгоҳи худро доранд, мисли романҳои Сорбон “Кадевар” (2006), “Росу” (2009) ва “Шаҳрбону” (2012), Гулрухсор “Сакарот” (1990-2008), асарҳои Саттор Турсун “Эътироз” (2013, қисса) ва “Садама ва ё Достони як марди саргардон” (Бобҳо аз роман, 2021), Ҳанифаи Муҳаммадохир “Дастпухтаи модарам” (Ҳикоя, 2020) ва ғ.

Баррасии асарҳои мансуре, ки дар онҳо воқеа ва ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, ошкор сохт, ки дар аксарияти мутлақи онҳо, дар яке камтар ва дар дигаре бештар, осори “тафаккури сиёҳусафед” (Абдуллоҳи Раҳнамо) зуҳур дорад. Шоир ва муҳаққиқи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо моҳияти ин навъи нигоҳро дар мақолаи пурарзишаш “Чаро ба истиқлоли фикрӣ намерасем?” (“Садои Шарқ”, 2012, № 9) дар ин дидааст, ки дар муҳити илмию фикрӣ (ва адабию фарҳангии мо низ), “пеш аз муносибат бо як фикр, як таҳлил ё як навиштаи фикрӣ, чи илмӣ ва чи сиёсӣ, пеш аз ҳама, савол гузошта мешавад, ки муаллиф аз падидаи мавриди таҳлили худ “ҷонибдорӣ кардааст” ё бо он “зидд баромадааст”, онро “таъриф” кардааст ё онро “танқид” кардааст? Яъне, тибқи ин назар, андешаи илмӣ ва тафаккури сиёсӣ аз ин ду ҳолат хориҷ намебошад, ё “сиёҳ” аст ва ё “сафед” (С.113). Вале, тавре ки шумо, аҳли муҳтарами илму адаб, хуб медонед, воқеият дар асл мураккабтар аст, аз он чизе ки мо мегўему менависем. Инсоф он аст, эътироф намоем, ки баъзе аз нависандагонамон дар навиштаҳояшон кўшишҳое кардаанд, ки дар паҳлуи рангҳои сиёҳу сафед аз рангҳои дигар низ истифода баранд, аммо он рангҳои дигар ҳанўз бисёр заиф ва норавшан мебошанд.

Агар нависандагони тоҷик ба бозтоби бадеии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пас аз 15-20 соли сипарӣ шудан аз он шурўъ намуда бошанд, шоирони тоҷик ин корро дар гармогармиаш анҷом додаанд. Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ғазале дорад, ки таърихи онро моҳи майи 1992 зикр намудааст ва дар он чунин байтҳое ҳастанд:

Чӣ ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст,

Насими шумнафас дар гузор хунин аст…

Зибаски хуни шаҳидон чу об ҷорӣ шуд,

Ҷабини рўду лаби ҷуйбор хунин аст…

Зи осмону замин бўи хун ҳамешунавам,

Чӣ беш гўям аз ин, рўзгор хунин аст…

(Лоиқ. Фарёди бе фарёдрас, Д., 1997, с. 69)

Шоир дар шеърҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ эҷод намудааст, ишораҳо ба он намудааст, ки туфангдорон дар ҳар қадам буданд, “гулзорҳои Ватанро чу мазор карданд”, мулки мардистонамонро ба маргистон табдил доданд, кушокушӣ ва камонкаширо мароми худ намуданд. Дар натиҷа “замин замини камону замон замони камон” шуд. Ва бо таассуф ва андўҳ гуфтааст, ки:

Дареғо, файзу эҳсон дар Ватан мурд,

Умеди зиндагӣ дар ҷону тан мурд.

Дареғу ҳайфи Истиқлоли тоҷик,

Ки чун гул омаду гулгулкафан мурд.

(“Фарёди бе фарёдрас”, с.199).

Низом Қосим дар маҷмўааш, ки номи рамзии “Шеъри захмӣ”-ро дорад, дар ғазале, ки таърихи эҷодаш 1992 аст, ба мушоҳида гирифтааст, ки дар он солҳо ҳатто аз масҷидҳо ба ҷои садои пир бонги тир меомад:

Ҳамегуфтам, ки аз масҷид садои пир меояд,

Дареғи ман, надонистам, ки бонги тир меояд.

(Низом Қосим. “Аз ассалом то вассалом”, Д., 2014, с. 268)

Замони Истиқлол барои шоирону нависандагони муосири тоҷик тамоми маҳдудаҳоро аз миён бардошт ва чун натиҷа дар васфи ватани кўчаку бузург дар ин сӣ соли охир навиштаҷоти фаровоне гуфта ва чоп шуданд. Дар ин навиштаҳо ба ҷуз Тоҷикистону пойтахти он шаҳри Душанбе, метавон гуфт, номи тамоми деҳу шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зикр ёфтаанд.

Шоироне, ки аз онҳо ва шеърҳои ҷудогонаашон дар боло ёд кардем ва пораҳое нақл намудем ва ҳам онҳое, ки зикрашон дар боло нарафт, дар васфи Ватан сурудаҳое доранд, ки дар онҳо байту бандҳои зебо ҳастанд, чунончи:

Гулназар:

Он гуна муқаддасӣ, ки арзанда бувад.

Дўзанд зи парчами Ватан пираҳанат!

Шоири ширинкалому зиндаёд Лоиқ Шералӣ аз нахустин қаламкашони тоҷик буд, ки Ваҳдати тозападиди халқи маҳбуби хешро самимона шодбош гуфт ва ғазале тараббунёд бо номи “Сулҳи деринтизор” офарид ва ин аввалин шеъри намирандае буд, ки дар васфи Ваҳдат ва офарандагони он суруда шуд:

Раҳми Парвадигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Бо ташаббусу заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳукумфармост. Корнамоиҳо ва сулҳоварӣ Пешвои миллат мӯҳтарамҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мактаби бузургест, ки дар ҷаҳон назир надорад. Дар сӣ сесоли охир дар ҷомеаи тоҷик, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд омаданд.

Усмонова Дилноза, муаллими кафедраи

методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ