​Истиқбол аз Меҳргон: аз чорабинии тантанавӣ то барномаи фарҳангӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карданд. Ба ин муносибат дар мавзеи Хуррамшаҳр бо иштироки ректори донишгоҳ ва ҷомеаи устодону донишҷӯён ҷамъомад сурат гирифт.

Чорабинии мазкур бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсули заҳматҳои деҳқон, ки аз зумраи хусусиятҳои ҷашни Меҳргон унвон мешавад, ифтитоҳ ёфт.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом, ректори донишгоҳ иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ҷашни Меҳргон табрик гуфта, аз ҷойгоҳ ва махсусияту оинҳои ин ҷашни миллӣ хотиррасон шуд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардида истодаанд, ки дар сатҳи шоиста ва бо шукуҳи хос таҷлил гардидани ҷашни Меҳргон аз зумраи ҳамин тадбирҳо маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи октябр дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол истиқбол мешавад, ки таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум буда, аз куҳантарин ойинҳои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад.

“Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад. Яъне Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст” – афзуд ректори донишгоҳ.

Дар идома декани факултети биология ва химия, доктори илмҳои биология Мирзобаҳодурова Шаҳноза перомуни таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Меҳргон ибрози назар намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки ҷашни Меҳргон мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

“Меҳргон чун Наврӯз аз даврони бостон ҷашни бузург дониста мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳору соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол, таодули тирамоҳӣ ва ҷашни кишоварзон аст. Гузаштагони мо онро ҳамчун ҷашни ҳосилғундорӣ таҷлил мекарданд” - зикр дошт декани факултет.

Дар фарҷоми ҷамъомад барномаи фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардид, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо бахшид.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошти ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ мунтазам ташаббус зоҳир мегардад, ки дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашни Меҳргон ва ба ин муносибат доир гардидани силсилаи чорабиниҳо дар тамоми факултетҳои донишгоҳ аз зумраи ҳамин иқдом маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ