​Иқдоми нек: ифтитоҳи синфхонаи “Рӯзғордорӣ”

Факултети санъати тасвирӣ ва технология рӯзи гузашта симои дигар дошт. Намоиши маҳсули дастони донишҷӯён, корҳои эҷодӣ ва анвои гуногуни хӯроки миллӣ даромадгоҳи факултетро зебу зиннат мебахшиданд.

Ин ҳама ташкилиҳо ба муносибати ифтитоҳи синфхонаи “Рӯзғордорӣ” роҳандозӣ гардид, ки бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода сурат гирифт.

Синфхонаи мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир - мебел, ашё ва асбобу анҷоми рӯзғор, тафдон, обгармкунак ва ғайра муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани фанҳои рӯзғордорӣ пурра ҷавогӯ аст.

Гуфта мешавад, ки дар синфхонаи мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои технология, Технология. Омӯзгор-муҳандис, дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология таълим дода мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати ифтитоҳи синфхонаи мазкур аз ҷониби омӯзгор Бобоҷонова Шафоат дарси нахустини кушод дар мавзӯи “Технологияи тайёр намудани хӯроки миллии угро” гузаронида шуд, ки дар доираи он он тарзи тайёр кардани хӯроки миллии угро қадам ба қадам аз ҷониби донишҷӯён нишон дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон ва омӯзонидани ҳунари кадбонугӣ ба роҳ монда шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ аз аҳамият ва манфиати ин иқдом таъкид дошта, зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштаанд, ки дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд.

Таъкид гардид, ки раёсати донишгоҳ дар ин самт аз тамоми имконият истифода бурда, ташаббусҳои заруриро анҷом медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ