​Ифтитоҳи лабораторияи муосири илмӣ-тадқиқотӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду лабораторияи муосири илмӣ-тадқиқотӣ ифтитоҳ ёфт. Лабораторияҳои мазкур дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирок намуданд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ба роҳ монда шуда, дар доираи ин ташаббус лабораторияи идоракунии рақамӣ ва лабораторияи IoT (Интернет - ашё) ба фаъолият шуруъ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки самтҳои асосии тадқиқотҳои лабораторияи идоракунии рақамиро коркард ва татбиқи системаҳои пешқадами идоракунии рақамӣ: имзои рақамӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, идоракунии равандҳои иқтисодӣ, балоиҳагирӣ, татбиқ ва истифодаи системаҳои идоракунии автоматикардашуда бо истифодаи методҳои рақамии коркард ва интиқоли маълумот: истеҳсолот, тиҷорат, хизматрасонӣ, маориф, тиб ва ғайра фаро мегирад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз зарурият ва аҳамияти таъсиси лабораторияҳои муосири илмӣ-тадқиқотӣ сухан карда, ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолияти он маслиҳатҳои муфид манзур дошт.

Таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ дар назди ҷомеа баҳри амалигардонии лоиҳаҳо оид ба рақамигардонии идоракунӣ зарурият дар пеш гузошта, ҷиҳати самаранок идоракунии маълумот, беҳтар гардидани дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ, баланд шудани рақобатпазирии ширкатҳо ва умуман, ҷумҳуриро дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи хуб фароҳам меорад.

Ба муовини Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки тадқиқи имкониятҳои идоракунии автоматии таҷҳизотҳо: системаи равшанидиҳанда, техникаи маишӣ, техникаҳои назоратӣ, тадқиқ ва коркарди таҷҳизоти худкор ва тадбиқи амалии онҳо: самаранокии иқтисодӣ, устувории техникӣ, ташаккули робототехника ва тавсеаи он дар ҷомеа самтҳои асосии фаъолияти лабораторияи дигар таҳти унвони лабораторияи IoT (Интернет - ашё) ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки технологияи Интернет - ашёимрӯз яке аз технологияҳои афзалиятноки инноватсионӣ ба шумор рафта, ҳамасола шумораи ҳар чи бештари одамон ба истифодаи ашёи «боақл» рӯ меоранд. Интернет – ашё системаи ба ҳам алоқаманди компютерӣ, таҷҳизоти механикию рақамӣ, объектҳо маҳсуб меёбад, ки бо идентификаторҳои нодир муҷаҳҳаз буда, имконияти интиқоли маълумот бо воситаи шабака бидуни зарурати таъсири мутақобила бо инсон ё компютерро соҳиб мебошад.

Ба устодону донишҷӯён дастур дода шуд, ки аз имкониятҳои мусоид ва арзандаи лабораторияҳои муосири илмӣ-тадқиқотӣ истифода бурда, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуб чораҳои зарурӣ анҷом диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ