​Хониши сиёсӣ: баррасии масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хоиниши сиёсӣ баргузор гардид.

Муовини декан оид ба тарбия Шодиев Абдуҷалил доир ба муҳтавои Қонуни мазкурандешаҳои хешро иброз намуда, афзуд, кимасъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошад.

Баъдан муллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ Машҳура Маъмурова доир ба рисолати муҳими падару модар ба фарзанд қайд намуд, ки вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Зикр шуд, ки маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Гуфта шуд, ки Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ