ЭМОМАЛӣ РАҲМОН - РОҲНАМОИ СУЛҲИ ҶАҲОН
Мусаллам аст, ки инсоният аз давраҳои қадим то имрӯз ҳодисаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст. Яъне, ҷаҳон ҳамеша дар ҳоли нишебу фароз қарор дошт ва ин вазъ ба сатҳи зиндагӣ, давлатдорӣ, инчунин, аҳволи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири худро расонидааст. Аз байни чунин руйдодҳо ба назари мо, аз ҳама боризашон сулҳ, оромӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва якдигарфаҳмӣ афзалияти хоса дошта, ҷиҳати ташаккули ҷамъият ва рӯзгори одамон нақши бениҳоят калидиро иҷро мекунад. Аз таърихи сиёсӣ ва иҷтимоию мадании олам ва умуман қаламрави сайёра аён аст, ки барои зисти тамоми башарият сулҳ ҷойгоҳу эътибори хеле азим доштааст. Дар ҳақиқат меҳвари ягонагиро дар дунё муросои ҷонибҳо ва гурӯҳҳои бо ҳам ба тифоқомада тартиб додааст. Бисёре аз ҳодисаҳои даҳшатбор ба монанди ҷангу низоъ дар рӯзгори мардум аз ҳар ҷиҳат гардишу тағйирот ба вуҷуд овардааст ва баръакс сулҳу оштӣ бошад, хуррамиву нишотро эҳдо кардааст. Ба ин хотир шоир - қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода дар мавзӯи дӯстиву оштии мардумон фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Хушбахтона, ватани азизамон Тоҷикистон бо сарварии хирадманду тавонояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини сулҳу амонӣ табдил ёфтааст ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи ибрати тамоми ҷаҳон гаштааст. Пешниҳоди Пешвои миллат дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад, шоистаи таҳсину ифтихори мо тоҷикон аст ва собит мекунад, ки Тоҷикистон ҳамеша дар талоши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли ҷаҳон аст. Зеро аз гузашти замон маълум аст, ки дар натиҷаи ҷангҳои беадолату харобиовар шахсони зиёд фавтидаанд ва сулҳу суботи ҳаёти инсониятро ин раванди номатлуб халалдор карда, барои рушди ҷомеаи инсонӣ монеаҳо эҷод намудааст ва ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор доштагуфтанд: «Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд» (Душанбе, 24.09.2024 /АМИТ “Ховар”).
Барҳақ, Пешвои миллат суханони бузурги Саъдии Шерозӣ, ки дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид сабт шудааст: “Бани одам аъзои якдигаранд...”-ро дар амал татбиқ намуда истодааст.
Ҳарчанд ҷаҳони муосир дар ҳоли рушду тараққиёти босуръат аст, вале бисёр пуртазоду мураккаб ба назар мерасад ва барои раҳои зиндагии осоиштаи наслҳои оянда пешниҳоди фавқуззикри сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, роҳи ягонаи шукофоиву ободии саёйраи замин мебошад.
Боиси зикр аст, ки тоҷикон дар дарозои таърих ҳеҷ гоҳ ба сари касе ҳуҷум накарда, балки ҳамеша хостори сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат, ватандусту миллатшинос буду мемонад. Зеро халқи тоҷик халқи соҳибтамаддун, бофарҳанг, инсондӯст, меҳмоннавоз ва хоса сулҳпарвар мебошад ва пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои манфиати аҳли башар хеле мусоидат хоҳад кард.
Анварова М.Н.- н.и.ф., дотсент
Саидғанизода Саидсултонхон - доктори фалсафа PhD,
кафедраи филологияи араб,
факултети забонҳои шарқ