Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронд. Сад шукр, ки бо нерӯи бузурги фарзанди ҳақиқии миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, он мушкилот паси сар гашта, Тоҷикистон ба хонаи сулҳу ваҳдат табдил ёфт ва дар арсаи байналмиллалӣ бароварда шуд.

Мушкилоте, ки истиқлолият ба сари халқи тоҷик овард, иқтисодиёт, фарҳанг, маънавиётро рӯ ба инқироз оварда, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда гардидани давлати Тоҷикистонро ба вуҷуд оварда буд. Ин ҳамаро душманони дохиливу хориҷии миллати азияткашидаи тоҷик ба бор оварда, мехостанд бо ҳар роҳу восита ба ниятҳои ғаразноки худ расида, аз он суде ба даст оранд. Бо ин мақсад, он хоинони Ватан дар Тоҷикистон ҷанги бемаънии бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуҷуд оварданд. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар бӯҳрони душвортарин ғӯтавар шуд. Дар ҷануби мамлакат ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллатро ба вуҷуд овард, ки он барои ояндаи давлату миллати мо хатари калон дошт. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд.

Хушбахтона, воқеаҳои номатлубе, ки рух доданду ҳолатҳои фавқуззикрро ба вуҷуд оварданд дер давом накард. Ба зуддӣ ақлҳои солим ба ҷаҳолату тирагӣ пирӯз омад ва бо сайъу талошҳои пайгирона ва қаҳрамониву ҷонҳисории фарзонафарзандони миллат ба ин саҳифаҳои нангину торики таърихи миллат хотима гузошт ва дар ҳамин гуна вазъият бо ибтикори нерӯҳои солими Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) даъват карда шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз тарафи вакилон номзадии Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва дар Иҷлосия аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон овоз доданд. Ниҳоят 19- ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон фарзонафарзанди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд, ки минбаъд дар эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷик басо ҷонбозиҳо карда, сазовори эҳтироми хосу ом ва эътирофи оламиён гардид.

Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Баъд аз интихоб гардидани Раиси Шӯрои Олӣ дар муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 гуфта буданд: «...тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хурд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд.

Дар ҳақиқат “Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.”

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат – таъмини сулҳу субот, амнияти сокинони кишвар, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии эшон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Бо мақсади мӯътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ ба роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат намуда, самимона иброз доштанд: “Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, бӯҳрони амиқи сиёсӣ – иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба хотири наҷоти Тоҷикистон ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири воҳидияту ваҳдати тамоми халқҳои сокини Ҷумҳурӣ Шуморо 25 - уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд”.

Дар роҳи душвори расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини амнияти кишвар шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки он кас ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Афғонистон баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабаргузори «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохуриашон бо роҳбарони мухолифин чунин иброз доштанд: Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозисиюн ман пеш аз ҳама мавзӯъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷорине, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд, ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозисиюн мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад.”

Чӣ тавре ки дар мақолаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Худобердӣ Холиқназар омадааст: “Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва бахусус ба фурудгоҳи Кобул паронда мешуданд, ҳавопаймои Сарвари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ шурӯъ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Дар изҳороте, ки аз тарафи ду роҳбар ба имзо расида буд, аз ҷумла чунин ишора шуда буд: «Ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт».

Барои расидан ба ниятҳои хеш Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки онро радиои Тоҷикистон махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон қарордошта таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат кард: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!».

Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир ва вохуриҳову музокирот бо мухолифин гурезаҳои тоҷик аз хоки Афғонистон ба ватан баргардонида шуда онҳо ба ҳаёти осоишта ҳамроҳ гардиданд. Сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат буд, ки дар хоки Афғонистони ҳамсоя мондани фирориёни тоҷик барои ҷумҳурии мо хатари ҷиддӣ дошт, зеро дар он тарафи сарҳад қувваҳое, низ буданд, ки метавонистанд ин фирориёнро дар оянда ба муқобили давлати Тоҷикистон истифода намоянд. Ин хирадмандонагии Роҳбари давлат дар бораи ба ватан баргардонидани фирориён, пеши роҳи сар задани чандин хатарҳоро гирифт.

Президенти Тоҷикистон дар шароити хеле хатарнок мулоқоту гуфтушунидҳои зиёде бо гурӯҳҳои гуногун анҷом доданд, ки баъдан натиҷаи хуб дод. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омада мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд. Вале ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуда, чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.

Сиёсати созанда ва мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳушдор додани мардуми азизи Тоҷикистон шоёни таҳсину офарин мебошад.

Ҳамаи он ҷонбозиҳои ин фарзанди сарсупоридаи миллат буд, ки дар муддат нисбатан кӯтоҳи таърихӣ давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро паси сар намуда, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардида ва бо ба миён гузоштани масоили мубрами минттақавиву умумибашарӣ аз ҷумла мушкилоти Афғонистон, дастрасии сайёра ба оби тоза аз минбарҳои бо нуфузи умумиҷаҳонӣ баромад намуда, боиси эътирофу эҳтироми оламиён гардид ва обруву нуфузи байналмиллии давлати ҷавони тоҷиконро боло бурда тавонист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҳамеша аз мардуми кишвар даъват мекунанд, ки “шукрона аз ҳамин давру замон, давлату миллат ва сарзамини биҳиштосо кунед”, чунки он кас ҳамчун ғамхору сарпаноҳи миллат аз тақдири дигар миллатҳои дунё бохабар гардида, дар раванди фаъолияти роҳбариашон шоҳиди воқеаҳои зиёди таърихӣ дар ҳаёти дигар халқиятҳо гардидаанд. Аз бисёр кишварҳои ҷаҳон бо чашми сар дидан намуда, аз ҳаёти ноорому мушкилиҳои рӯзмарраи онҳо бохабар шудаанд.

Аз ин рӯ, аз мардуми азизаш, ки бемуҳобот дӯсташ медоранд пайваста даъват мекунанд, ки боэҳтиёт бошад, фирефтаи тарғибу ташвиқ ва гуфтаҳои ашхоси ноогоҳ, ифротзада нагардад. Аз ҳаёти осоишта ва пурфайзи имрӯза шукрона кунад. Бештар ба меҳнат камар баста, Тоҷикистони имрӯзаро беш аз ҳарвақта ободу зебо ва гуворо гардонда, барои фарзандон ва наслҳои оянда сарзамини сазовори зиндагии бошукӯҳ боқӣ монад. То ки фарзандонамон аз ин кишвари доштаашон дар назди дигар халқиятҳову миллатҳо ифтихор кунанд.

Кӯчибоев Ш. - дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ