​Дирӯз, имрӯз ва фардои донишгоҳ

Чунин ном дошт мулоқоте, ки бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Дар вохӯрии мазкур як қатор собиқадорон, масъулин ва устодону донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.

Цой Елена, собиқадори кафедра оид ба таърихи донишгоҳ ва факултет маълумот дода, таассуроту хотироти худро барои донишҷӯён нақл намуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми 90 соли фаъолият баҳри рушди илму маориф саҳми маориф саҳми муассир гузошта, кадрҳои лаёқатманду донишмандро тарбия намудааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби як қатор устодони кафедра перомуни дирӯз, имрӯз ва фардои донишгоҳ маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ