​Давлатдории ғамхорона!

Ҳамаи давлату миллатҳо дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам худи ҷомеаи дохилӣ дар алоқамандӣ бо сатҳу дараҷаи пешрафти иқтисодиву муносибати иҷтимоӣ мақому манзалати муайянро соҳиб мегарданд. Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла сатҳи нокифояи ғурури миллӣ баъзе давлатдорон дар хабардорӣ аз ҳолу аҳволи шаҳрвандони муҳоҷири худ, алалхусус муҳоҷирони иҷборӣ фориғболӣ мекунанд. Дар натиҷа шаҳрванди як давлат дар хоки давлати дигар муқимӣ мемонаду чун меҳмони нохонда тамоми умри хеш, ҳатто фарзандонаш зери тазъиқи беҳуқуқиву ноамнӣ қарор мегиранд, ки умре бадбахтист. Яке аз сабабҳои мушкилоти баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ё худ ғайриихтиёрӣ хоҳиш дур аз Ватан гаштану дарёфти макони зисти онҳо, риояи меъёрҳои ҳуқуқии давлати дигар, набудани тартиби муайяншудаи бозгардонӣ (сенарияи аниқу дақиқ), хароҷоти бузурги иқтисодӣва дигарҳост, ки аз масъулии сарфи нерӯи бузурги зеҳнӣ, тафаккури инсондӯстӣ ва садоқати самимӣ ба Ватани худро тақозо менамояд. Умуман раванди ба Ватан бозгардонидани шаҳрвандони иҷборан дар хориҷбуда раванди мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодиаст, ки ба сатҳи орияту нангу номуси миллӣ алоқаманд мебошад.

Хушбахтона, роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҷассумгарисадоқати бепоёни ватандорӣ, ғамхори воқеии раият ва ҳам муҳофизи нангу номуси миллӣ мебошанд. Тасдиқи ин ҳақиқати воқеӣ дар баргардонидани беш аз 104 нафар шаҳрвандони тоҷик аз давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба Ватани аҷдодӣ дида мешавад. Бозгашти 31 нафар зани тоҷик бо 73 нафар кӯдакони маъсум, ҳатто 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистони бародар маҳсули заҳмату талошҳои фидокоронаи давлатдорони мо аст. Ин воқеа боис гардид, ки ин шаҳрвандони бо амри сарнавишт гумроҳу бесаробонмонда ба хоки Ватан баргарданду соҳибу ҳаёту орому бофароғат гарданд. Дар ҳошияи гуфтаҳои зикрёфта мебояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз дар оғози соли 1993 – юм абармарди таърихсоз, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсосоти баланди самимӣ изҳор дошта буданд, ки “то ба Ватан баргардонида шудани охирин муҳоҷири иҷборӣ ё гурезагон талош хоҳам кард. Зеро, нангу номуси миллат волотарин арзиши мост”. Ин сиёсати инсондӯстона босадоқату матонату қавӣ то имрӯз муваффақона пайгирӣ шуда истодааст. Маҳз, ҳамин қадамҳои босуботу устуворидавлатдорон рӯяи мардумро боло эътимоди халқро бадавлат афзуда срачашмаи сарҷамъиву ваҳдат, якдилии миллӣ мешавад, ки дар ҷомеаи орому осуда ва ободи моён инъикос гардидааст. Ҳамаи мардуми кишвар ба амалҳои роҳбарияти олии кишвар аҳсану офаринҳо мехонанд ва аз узвият ба чунин ҷомеаи солиму муваффақ меболанду ифтихори ватандорӣ мекунанд!

Собиров Мурод Собитҷонович – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ