​Дарси кушод: Забони барномарезии VISUAL BASIC

Беҳдошти сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад.

Вобаста ба ин дар факултети математика, дарси кушоди донишгоҳӣ аз тарафи дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ Саодат Раҷабова аз фанни методикаи таълими технологияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Сабки объектгарои барномарезӣ. Забони барномарезии VISUAL BASIC ва методикаи он”, бо донишҷӯёни бахши чоруми ихтисоси математикаи амалӣ, гурӯҳи 403а бо иштироки декани факултет дотсент Дилшод Музаффаров ва устодон гузаронида шуд.

Устод донишҷӯёнро амалан бо моҳият ва асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин дар раванди дарс дар доири мавзуи зикршуда машғулиятҳои амалиӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои (слайдҳо) ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти корбарӣ бо забони барномарезии VISUAL BASIC-ро ба донишҷӯён фаҳмонд.

Дарс аз ҷиҳати методӣ дар сатҳи баланди касбӣгузаронида шуда, устод аз усулҳои фаъоли таълим тахтаи электронӣ, муаррифӣ, корӣ гурӯҳӣ васеъ истифода намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ