Чашми душманону хоинони миллат боз ҳам хиратар гардад

Шукронаи соҳибистиқлолии давлатӣ, шукронаи ин обу ин хок, шукронаи ободии ин макон, ки имрӯз давлати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги моро сар то сари ҷаҳон беш аз 150 давлати дунё мешиносаду эътироф менамояд ва, дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудаанд, ки маҳз аз самараи судманди сафарҳои Сарвари давлат ва ташаббускориҳои созандаву бунёдкориҳояшон шаҳодат медиҳад. Маҳз ин гуна сафарҳои Президенти кишвар ва баргузор намудани рӯзҳои фарҳангиву ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ дар хориҷи кишвар давлати мутамаддини тоҷикро муаррифӣ ва дар вуҷуди ҳар як соҳибватан ифтихору ҳуввияти миллиро дучанд хоҳад намуд. Худ дар рӯзи ҷашни миллӣ – 9 сентябри 2021 бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншоотҳои як қатор мамолики хориҷ танинандоз гардидани Рангҳои Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист. Ё ин ки баргузор намудани рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони бонуфузи Юнеско шукуҳу шаҳомати тамаддуни тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ эътироф намудан бас аст. Агар ба нафари ватандору воломақом ин боиси сарфарозӣ бошад, мутаассифона ба нафаре ки пешравию ободии кишвар барои вай бегона аст, сабабгори бадгӯиву бадбинӣ мегардад. Хиёнаткор пайваста думболи кори ифротии худ асту ҳеҷ дигар нахоҳад шуд.

Дар хориҷи кишвар нишаста, ба ҷои он, ки нони ҳалоле биёбанд, хоинони миллат бо такя ба манбаъҳои иттилоотӣ, ҳар як қадами намояндагони давлатро пайгирӣ намуда, бо дуруғу тӯҳмату буҳтонҳои худ чунон ба “гап чапон мепӯшонанд” ки касро ҳам механдонаду ҳам фикр ғӯтавар менамояд, ки наход ин хоинон аз хуни тоҷик бошад? Наход ана ҳамин нафаронро модари тоҷик зода бошад?,Наход ин кӯрнамаконро хуни ноф дар ана ҳамин хок рехта бошад? Боз находҳои дигар....

Ба ҷои он, ки ба ободии кишвар бо хушнудӣ нигоҳ намудану баҳри шинохту эътирофи давлат аз ҷониби давлатҳои дигар кӯшише бинмудан ин нохалафон мегиранду ҳарфи ноҷое мезананду паёми носозе мерасонанд, ки гӯиё бо ин амалу рафторашон чашму гӯшу ҳуши миллатро “боз” менамоянд.

Ин нохалафон кай ба сари худ мегиранд, ки он низоми ки онҳо ҷорӣ намудан мехоҳанд, халқи тоҷик эътироф намекунад. Мо ҳама кайҳост ба ободиву осудагии ин давлат дилбастаему шукронаи ҳастии Садри муаззами худро дорем! Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин боиси ифтхору сарфарозии ҳар тоҷику тоҷикистонист!

Аз ин дастоварду муваффақиятҳо чашми душманону хоинони миллат боз ҳам хиратар гардида истодаасту бо ҳар як баромаду суханбозиҳояшон ки бадани худашонро тасдиқ намуда истодаанд!

Тоҷикистон бо Пешвои миллат пеш меравад!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ