​Боздиди муовини сарвазири ҷумҳурӣ аз донишгоҳ

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз як қатор факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуд. Дар ин ташаббус муовини сарвазирро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ карданд.

Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ва дигар масъулини раёсату сохторҳои донишгоҳ пешвоз гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом аз осорхонаи донишгоҳ, факултети санъати тасвирӣ ва технология, инчунин факултети физикаю техника боздид ба амал омад.

Зимни боздид муовини сарвазир дар факултети санъати тасвирӣ ва технология аз Арт - галереяи Монӣ, шароити синфхонаҳои дузандагӣ, кандакорӣ, устохонаи таълимӣ, базаи техникии ихтисосҳои технология ва дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ аз наздик шинос шуд.

Зимни суҳбат бо устодону донишҷӯён доир ба баланд бардоштани сатҳи таълим, омӯзиши фанҳои дақиқ, забономӯзӣ, таъминот бо китобҳои тахассусӣ ва адабиёт, беҳтар намудани сифати таҳсилот дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Таъкид гардид, ки таъмини рушди соҳаи илму маориф аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати ғамхорӣ ва дастгирии кормандони соҳа бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешавад.

Дар идома муовини сарвазири ҷумҳурӣ аз лабораторияи Механикаи факултети физикаю техника дидан намуда, бо таҷҳизот, лавозимотҳои техникӣ ва номгўи корҳои лаборатории дар ин озмоишгоҳ иҷрошаванда шинос гардиданд.

Ба Матлубахон Амонзода, муовини сарвазири ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 32 лаборатория амал намуда, дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таъсиси лабораториҳои дигар низ дар нақша аст.

Дар ин замина, бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маънавиёт ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ чораҳои зарурӣ андешанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ