БЕМОРИИ ВНМО-ро ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД!

1-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти инсон қайд карда мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ оид ба ВНМО аст. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат низ чораҳои зарурӣ барои пешгирии ин беморӣ андешида шуда истодаанд. Созмонҳои байналхалқӣ ба беморон бо доруҳо тариқи ройгон кўмак мерасонанд ва табобати чунин беморӣ якумр давом мекунад. Барои мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам яке аз муҳимтарин барномаҳои муқовимат бо ин беморӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ, бартарафсозӣ ва муқовимат намудан бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам як қатор барнома, қарору қонун ва асноди муҳим ба тасвиб расондааст. Бояд қайд кард, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2008 таҳти №171 “Дар бораи тасдиқи тартиби азназаргузаронии тиббӣ” бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ба тасвиб расидаст, ки муносибатҳои муҳими ин соҳаро ба танзим медарорад. Дар асоси моддаи 11-уми Қонуни мазкур маълумот дар бораи сирояти ВНМО ё мубталои ин беморӣ сирри тиббӣ буда, онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мекунад. Аз ин хотир, маълумот оид ба сироятёфтагони ин беморӣ махфӣ буда, танҳо ба хотири амнияти беморон аз табъизу тамғагузорӣ (стигма ва дискриминатсия) дар байни ҷомеа ин тадбир андешида шудааст. Тибқи моддаи 25-уми қонуни номбурда «Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунондани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо ВНМО аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти ВНМО гирифтор буданашро медонад, боиси ҷавобгарии ҷиноятии муқарраркардаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад». Инчунин, дар банди дигари моддаи мазкур омадааст, ки «Шахси гунаҳгор инчунин зарареро, ки бинобар расонидани кўмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расонидааст, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад».

Таърихи пайдошавии ВНМО

Аввалин маротиба маълумот дар бораи олудашавӣ аз ин беморӣ соли 1979 пайдо шудааст. Соли 1983 профессорон Люк Монтанйе ва Роберт Галло яке аз Фаронса ва дигаре аз ИМА вируси норасоии масунияти баданро маълум карданд. Соли 1984 бошад, нахустин системаи лаборатории барои муайян ва ошкорсозии беморӣ кушода шуд. Солҳои 90-уми асри ХХ СПИД тамоми сайёраро фаро гирифт. Тибқи пешгўии Созмони ҷаҳони тандурустӣ шумораи беморон соли 2017 ба 35–45 миллион нафар расид. Ҳамзамон, тибқи маълумоти омор то 1.07.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 12666 нафар гирифтори бемории ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шуда буд.

СПИД чист?

СПИД марҳилаи пешрафтаи сирояти ВНМО мебошад. Вақте ки сирояти ВНМО ба СПИД мубаддал мешавад, сироятҳо ва саратон хавфи бештар доранд.
Бе табобат эҳтимол дорад, ки сирояти ВНМО ба СПИД мубаддал шавад, зеро системаи иммунӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Аммо, пешрафт дар АРТ маънои онро дорад, ки шумораи доимокоҳишёфтаи одамон ба ин марҳила мегузарад.

Зани гирифтори ВНМО, ки ҳомила аст, ё ба наздикӣ таваллуд кардааст, метавонад ин бемориро ҳангоми ҳамлдорӣ, таваллуд ё синамаконӣ ба кўдаки худ интиқол диҳад.
Аломатҳои ибтидоии сирояти ВНМО метавонанд инҳоро дарбар гиранд: табларза, хунукӣ, дарди буғумҳо, дардҳои мушакҳо, гулўдард, арақкунӣ (махсусан, шабона), ғадудҳои калон, доғи сурх, хастагӣ, сустӣ, талафоти вазнин.
Ин нишонаҳо инчунин метавонанд аз системаи иммунии зидди бисёр намудҳои вирусҳо мубориза баранд.

Дар Тоҷикистон то соли 2008 яке аз роҳҳои паҳнгардидаи интиқолёбии вирус сўзандору буд, тавассути асбобу олотҳои тамизнашудаи истифодабарандагони маводи нашъаовар. Айни замон афзоиши интиқоли вирус бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мушоҳида шудааст.
Коршиносон ва табибони Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид (ООН) оид ба мубориза алайҳи СПИД тахмин мекунанд, ки то соли 2030 паҳншавии ин маризии марговар боздошта мешавад. Аз маърўзаи ин Созмон, ки дар гузарвожаи расмии он ҷойгир шудааст, бармеояд, ки солҳои наздик хатари паҳншавии (эпидемияи) СПИД манъ карда мешавад.

Сирояти ВНМО дар вилояти Суғд

Бино ба иттилои сомонаи маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар вилояти Суғд солҳои охир мавориди сироятёбӣ ба ин маризӣ коҳиш ёфтааст. Дар 9 моҳи соли 2022 мавридҳои сироятёбӣ назар ба ин даври соли гузашта дар як сатҳ мебошад. Дар 9 моҳи соли 2022-юм 182 нафар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 120 нафар мардон ва 62 нафар занон мебошанд. Дар умум 3410 нафар ҳолати олудагӣ ба ин беморӣ сабт шудааст, ки аз онҳо 2420 нафарашон зиндагӣ ва сари вақт табобати ройгон мегиранд.
Амина (ном иваз шудааст) 22 сол дорад ва дар 19-солагиаш бо як ҳамдеҳаашон оиладор шудааст. Домодшавандааш, ки пештар дар Русия муҳоҷир буд, ба ин беморӣ сироят ёфтааст. Ҳамин тариқ, баъди ҳомилагиаш Амина дар бораи сироятёбӣ бохабар шуд.
– Мехостам аввал худкушӣ кунам. Дигар зиндагӣ кардан нахостам. Фарзандам низ дар 7-моҳагиаш вафот кард. Фикр мекунам, агар он вақт маълумоти кофӣ медоштаму доруҳои зиддивирусӣ истеъмол мекардам, шояд фарзанди солим бо дунё меовардам.
Бемории СПИД гузаранда буда, ба гуфтаи пизишкон дар сурати бетавваҷҷўҳӣ ва ё сари вақт табобат нагирифтан паёмадҳои марговар дорад.
Қаҳрамони дигари мо Холида (ном иваз шудааст) бо шавҳараш, ки дорои ин беморӣ мебошад, муддати 7 сол аст, ки зиндагӣ мекунад. Аз сабабе, ки шавҳар доруҳои зиддивирусӣ истеъмол мекунад, ў аз ин беморӣ сироят наёфтааст. Онҳо соҳиби ду кўдак мебошанд, ки солим ҳастанд.

Чунин қишри одамон осебпазир буда, аксарияти онҳо ба дастгирии ҷомеа, оила, дўстон ва ҳамкорон ниёз доранд. Бояд ҳамагон бидонанд, ки бо ин беморӣ умри дароз ва муваффақ дидан мумкин аст.

Табобати саривақтии сирояти ВНМО ба шумо имкон медиҳад, ки умри дарозу хушбахтона дошта бошед, гузариши вирусро ба наздиконатон пешгирӣ намоед.



Исмоилова Мафтуна,

омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ