Ба дониш гарою бад-ӯ шав баланд
Муқаддима
«Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад» (аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 1-уми сентябри соли 2024).
Дар ин иқтибоси кӯтоҳ мантиқ ва таъйиноти илм тафсири барҷастаи энсиклопедию функсионалӣдидаанд.
Ҳамзамон бо ин, истифодаи мафҳуми таъкидии фардикунонии «танҳо», шарҳи духӯраи масъалаҳои барои давлат ва ҷомеа ҳаётан муҳимро дар баробари дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ истисно кардааст. Роҳ ва усули ғайримуқаррарии дарки онҳоро маҳдуд намудааст. Илмро бар мартабаи воло - субъекти ҳалкунанда ва довари воқеияти ҳастии ҷомеа нишондааст.
Дар ин манзалат, дониш ба сифати маҷмуи тасаввуроти инсон дар бораи муҳити атроф, мундариҷаи тафаккур ва маънавиёти ҷомеа муқаррар гардидааст. Ҳамчун ҷузъи асосии муайянкунандаи хосият, муносибатҳо ва қонунмандиҳои пайдоиш, рушд ва тараққиёти зуҳуроти ҳастӣ қаламдод шудааст. Яъне истилоҳи мазкур, сирф ба маънои илм шарҳу тафсир ёфтааст.
Аз лиҳози дигар, дар тамоми давру замон тавоноӣ, арзишмандӣ ва шоистасолории фард дар алоҳидагӣ ва миллат дар маҷмуъ, ба дараҷаи дониш ва маърифати ӯ баробар дониста шудааст.
Ҳамин тариқ, мавзуи мақола дар бораи мавқеи муайянкунандагии илм дар шинохти раванд, тазод ва воқеияти ҷамъиятӣ мебошад.
Илм ва ҳақиқати воқеӣ
Ҷараёни расидан ба илму маърифатро назарияи «абадӣ ва беохири тафаккур ба дарки моҳияти масъала» номидан мумкин аст. Маҳз он муҳиммият, асоснокӣ, хосиятҳои бунёдӣ, муайянкунандагӣ ва қонунмандии ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро доварӣ мекунад.
Яъне бидуни илм, донистани ҳақиқати воқеӣ дар кулли соҳаҳои ҳаёти инсонӣ – сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маънавиёт ва ғайра имкон надорад.
Ибни Рушд бо итминони қавӣ ва хеле асоснок таъкид кардааст: «Чун дониш нест, пас дар олам чизе дониста намешавад. Агар чизе дониста пиндошта шавад ҳам, дар асл гумон аст».
Ҳақиқати илмӣ зуҳуроти мустақил аст. Аз хоҳиш, ирода ва муносибати шахс вобастагӣ надорад.
Дониш аст, ки тавассути азхуд кардани қонунмандиҳо, омил, сабабҳои вуҷуд, рушду тараққии зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур, инсон имконоти дастрасӣ ба воқеиятро пайдо мекунад. Барои беҳбуди зиндагӣ аз онҳо истифода менамояд.
Илм инсонро аз тасаввуроти хаёлӣ нисбат ба муҳити атроф бозмедорад. Дар натиҷа, ашё – ҳамон тавре, ки мадди назар ҳаст, намо пайдо мекунад. Асрори он ошкор ва барои истифодаи иҷтимоӣ мувофиқ кунонида мешавад. Аниқтар агар гӯем, «Омӯхтан, донистан, аз худ кардан ҷараёни ворид гаштани ақл ба умқи табиати ғайриорганикӣ ба хотири мутеъ гардонидани он ба субъект аст» (Ф.В. Гегел).
Ин хосияти илм танҳо марбути табиат нест. Балки бо зарфияти имконоти масъалаҳои ҷамъиятӣ, яъне «сирри ҷомеа» – «асрори одамӣ» низ, сахт «даргир» аст.
Бидуни илм донистани муҳтавои физиологӣ ва маънавии майнаи инсон, гузашта, имрӯза ва ояндаи он ҳамчун ҷузъ ва маҳсули фаъолияти маводи офаридаи табиат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ғайриимкон аст: «Илм чизи дигаре нест, ғайр аз дастрасӣ ба воқеият ва дарёфти ҳақиқат» (Френсис Бекон).
Вазифаи илм интихоби мавзуъ, масъалагузорӣ аз зуҳурот то моҳияти масъала, яъне рӯйи кор овардан ва ҳаллу фасл намудани зиддиятҳоест, ки байни ду категорияи фалсафӣ арзи ҳастӣ мекунанд.
Маълум аст, ки воқеияти объективӣ, сарфи назар аз шакл, намуд, миқдор, сифат ва айният, навъи субъективии инъикос дар майнаи шахс аст.
Ба хотири он ки инсон баробарвазни ҳақиқат хулоса бардошта, дар фаҳми воқеии масъалаҳо орӣ аз раҳгумӣ, зарар ва хиҷолат бошад, мебояд ба илму маърифат такя кунад.
Аммо аз бар намудани дониш кори саҳл нест. Зеро «Дар илм роҳи тахту ҳамвор вуҷуд надорад. Ва танҳо касе ба қуллаҳои дурахшандаи он баромада метавонад, ки аз хасташавӣ натарсида, масири пурпечу тоби сангини онро бо нохунҳояш часпида гузарад» (К. Маркс).
Дар тамоми ҳолат, ҳеҷ имкон надорад, ки инсон наомӯхта, дониш наандӯхта, хун аз ҷигар нарехта донишманд гардад. Гарчанде кам нестанд одамоне, ки худро чунин вонамуд карданӣ мешаванд.
Аммо чунин кӯшиш монанд ба он аст, ки шахси бемор худро сиҳат нишон доданӣ мешавад. Дар воқеъ, худи инсон бояд саломат бошад.
Суоле матраҳ аст, ки чаро дар рӯёрӯйи аз бар намудани дониш зиндагӣ сахтгир аст?
Посухи онро ҳикмати «диалектикаи ҳаёт, диалектикаи идеяҳоро тавлид мекунад», дода метавонад.
Инсон дар маркази ҳадафҳои мақсадгузорӣ ва натиҷаи онҳо – таъсиргузориҳост. Маълумот (суҳбати рӯ ба рӯ, хабари одӣ, талқину ташвиқҳои васоити ахбори умум (интернет) барои маълумот нест. Шакли амалӣ кардани мақсадҳо, раҳбарӣ ва раҳнамоиҳост.
Асосгузори фалсафаи реалистӣ В.Ф. Гегел барои аз дараҷаи содагӣ ва зудбоварӣ баровардани яке аз дӯстонаш, ба ӯ бо чунин мазмун нома менависад: «Амалкарди мақсад ба худи он нигаронида нашудааст. Баръакс, ба хотири нобуд кардани баъзе аз қисмҳо, ҷиҳатҳо, хосият ва аломатҳои фазои беруна равон гардидааст. Барои он ки ҷойи онҳоро нишонаҳои мавриди назари мақсадгузор бигирад. Ҳамин тариқ, нақшаҳои ӯ дар фазои беруна таҷассум ёбанд. Амалӣ гарданд».
Сухан дар бораи он меравад, ки муҳтавои мақсад аз чӣ иборат аст. Хосияти созандагӣ дорад ё хайр.
Мавзуи марказии дониш, дар баҳри беканори маълумот, расидан ба воқеияти объективӣ, аз ҷумла фарқ карда тавонистани некӣ аз бадӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, маҳсули илм хосияти ҳамагонӣ дорад.Дар шакл гирифтан, инкишоф ёфтан, рушди абадӣ ва беохири илм беҳтарин фарзандони инсоният ширкат меварзанд. Ҳастӣ, қудрат, тавоноӣ, муҳтавои зеҳнӣ ва маънавии худро ба намоиш мегузоранд. Дар сабқати шоистасолории, ба ном, назарияи шинохти моҳият, қонунмандӣ ва шакли донистанҳо мавқеи худро муайян месозанд.
Фарзонагони илму адаби тоҷик муддати беш аз ҳазор сол қимати донишу хирадро сутуда, онро дар арши аъло баровардаанд. Ба ҳамин хотир, ба шумули нобиғагони олам ворид гаштаанд.
Барои тасниф ва тафсири масъала дар ҳаҷми як мақола, маҷол танг аст.
Аммо зарур мешуморем, ба хотири боз ҳам асоснок кардани сархати муқаддамотии ин навишта, намунаҳоеро аз афкори донишгароӣ, ситоиши илм, маърифатпарварӣ, тарғиби ақлу хирад, афкору андешаи созандаи ниёкон, бо такя ба адабиёти классикӣ мавриди ёдоварӣ қарор бидиҳем.
Ҳамосаи илму маърифат
Абумансурӣ, пеш аз оғози «Шоҳнома»-и пурарзиши худ, ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ихлосмандонаш ба масъалаи дарки ҳастӣ, фармудааст: «То ҷаҳон буд, мардум гирди дониш гаштаанд... Чӣ дар ин ҷаҳон мардум ба дониш бузургвортар ва моядортар».
Аз ҷумлаи нобиғагони адабиёти форсу тоҷик шахсияти нотакроре, ки бар мартабаи дониш, хирад ва илму маърифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки дар ашъори манзалат ва маъруфияти мардумӣ касбкардааш хотирнишон мекунад:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Одамони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Бузургтарин шоири ҳамосасарои тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ, ки аз нобиғагони бани Одам эътироф гардидааст, дар баробари санъати фавқулодаи ҷангноманависӣ, асари ҷовидонае рӯйи саҳнаи башарӣ овардааст, ки ҷавҳари онро тарғиби илму маърифат ва тарбияи инсон дар бар мегирад.
Ба қавли ин бузургмарди ориёӣ, инсон мебояд ҳамеша дар талоши илм, донишу маърифат бошад. Ягон лаҳзаи ҳаёти хешро аз он чашмаи зоянда ва давлати поянда фурӯгузорнанамояд:
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ.
Бо ҳамовозӣ ба ин масъалагузории судмандона ва бузургворона, дар пайравии сухани мутаззакираи «Шоҳнома», баъд аз ҳафтсад сол зарурати омӯхтани донишро барои мардумони ҳама синну сол, касбу кор ва ҷоҳу ҷалол, шоир, мутафаккир ва файласуфи машҳури англис – Гёте дар поварақи байти болоӣ бо таъбири зер таъкид кардааст: «Don’t miss a second».
Пайғомбари донишу хирад ва нангу набард муътақид аст, ки асоси маънавиёти одамиро руҳи ӯ ташкил медиҳад. Ва дар ин истилоҳ мафҳумҳои «ҷаҳонбинӣ», «тафаккур», «ақл»-у «хирад»-ро мадди назар мегирад.
Фирдавсӣ ҳамрадифи Арасту руҳи қавиро қобилият, тавоноии худкифо ва басандаи зиндагии шоиста мешуморад, ба шарте ки он аз нури дониш ва ҷавҳари хирад баҳраварӣ дошта бошад:
Ба дониш равонро тавонгар кунед,
Хирадро бад-ин бар сар афсар кунед.
Муҳиммияти масъала дар замони пуртазод ва воқеоти ҳамарӯзаи пурпечу тоби минтақа ва ҷаҳон, муҳтавои фоҷиабарангези маънавиёти қисми ҷавонон, ки нисбат ба давлату миллат вазъи нохушоянд ва суолбарангез эҷод карданӣ мешаванд, боз ҳам рӯзмарра мегардад.
Ба қавли Фирдавсӣ, соҳиби ному нанг будан ва эҳсоси масъулият кардан аз дараҷаи маърифатнокӣ вобастагӣ дорад. Дониш ангезаи мувофиқ будани фаъолияти маънавии инсонро ба масъулият ва иҷрои қарзи ватандорӣ муайян мекунад, самти муборизаро роҳнамо мегардад. Ба андешаи ӯ, зиндагии инсон бояд мубориза ва пайкори ҳадафмандона барои манфиати ҷомеа бошад:
Чу бунёди дониш биёмӯхт мард,
Сазовор гардад ба нангу набард.
Дар таълимоти Фирдавсӣ дониш ҳамеша ба маънои илм истифода мешавад. Зеро он хосияти офариниш, созандагӣ, амалӣ ва худкифоии инсонро дар зиндагии ҳаррӯзааш инъикос менамояд. Воситаест, ки одам тавассути воридшавӣ ба моҳияти ашё, қобилияти аз он истифода карданро пайдо мекунад. Дониш самаранокии фаъолият ва ба рӯзи нек расидани инсонро таъмин месозад:
Ба дониш бигравӣ, коми дил ёфтӣ,
Расидӣ ба ҷойе, ки биштофтӣ.
Дар ин маврид, шоир дигар ҳама гуна кӯшишҳои «ба коми дил расидан осон»-ро тавассути даст сӯйи осмон ё кумак аз мавҷудоти тахайюлӣ, ки то ҳанӯз ашхоси содаву гумроҳ орзу мекунанд, ғайримаҷоз мешуморад, истисно менамояд, ба масъала нуқтагузорӣ мекунад.
Адиби озодагуфтор ва мутафаккири комгор дар тафсири аҳаммияти амалии дониш чанд аср аз замони худ пештар рафта, муътақид аст, ки ҳаракат ба сӯйи илму маърифат тавассути таҷриба, ба тағйири миқдорӣ ва сифатии ашё оварда мерасонад. Маҳсули арзишманд ва барои инсоният судманд тавлид мекунад. Ба қавли мутафаккири воқеиятшинос «Ҷараёни омӯхтан ва ҳамзамон таҷриба андӯхтан, мафҳуми абстрактиро ба ҳақиқати ба воқеият мубаддалгашта табдил медиҳад».
Мутаассифона, аз замони шоир то ба имрӯз, ки зиёда аз ҳазор солро дар бар мегирад, сарфи назар аз кӯшишу талошҳои ҳамагонӣ, масъалаи «хӯрданӣ» ва «оварданӣ» мубрам ва боиси таассуф боқӣ мемонад.Шоири ватанпарвар ва бо нангу ор мефармояд:
Дигар дониш он аст, ки аз хӯрданӣ,
Фароз оварӣ рӯйи оварданӣ.
Яъне дараҷаи илму дониш ва маданияту маърифат, тавъам бо таҷрибаи амалӣ, ки маҳаки озмоиши ҳама гуна саводнокӣ аст, мебояд ба ҳамон дараҷаи рушду тараққӣ бирасад, ки ҷомеа аз дастнигарии истеъмолкунанда (воридотӣ) ба афзалияти истеҳсолкунанда (содиротӣ) мубаддал гардад.
Шоири донишманди пешбин, пухтакор ва ҳамосасарои ба ҳама тавсиф сазовор, тавассути эҳсос ва истилоҳоти бадеӣ масъалаи алоқамандии илму донишро дар таъмини амнияти ҷомеа фурӯгузор накардааст.
Натиҷамандии чунин ҳамкорӣ ва таносубро дар эътимоднокии ҳимояи қаламрав ва манфиатҳои кишварҳои гуногун, алалхусус дар Шарқи Наздик, дар алоқамандӣ бо захираҳои инсонӣ ва табиии тарафҳои даргир ҳамарӯза мебинем.
Адиб муҳиммияти вобастагии дуҷонибаи илм ва дифои мамлакатро бо дарки тахассусмандона ва абзори шоирона дар шакли зер қаламдод кардааст:
Ки дониш ба шаб посбони ман аст,
Хирад тоҷи бедори ҷони ман аст.
Муллифи «Қуръони Аҷам», ин абармарди порсӣ, ки дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои Ватан бо тору пуди танида рӯзгор мебурд, муътақид буд: кишвар ҳамон вақт дар оромиву осудагӣ ва рушду тараққӣ зиндагӣ мекунад, ки ҷомеа аз нури илму маърифат, вожаномаҳои хирад, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти бозпаснигариву ояндабинӣ, ҳикмату ибрати таърих огаҳии эътиқодмандона ва хулосабарангез дошта бошад. Аз ҷумла, шоир ба ҳамватанони хеш омирона муроҷиат мекунад:
Нигаҳ кун ба ҷойе, ки дониш бувад,
Зи дониш кишвар ба ромиш бувад.
Андешаи ғолиб он аст, ки адабиёти тоҷику форс дар мавзуи алоқаи ногусастании донишу хирад, аз пешсафони адабиёти ҷаҳон аст.
Дар маҷмуи хосияти семантикӣ ва полисемии истилоҳи хирад, аз ҷумла, мантиқи дараҷаи баланди дониш, маърифатнокӣ, фарҳангсолорӣ, ахлоқу маънавиёти шоиста баҳри рӯзгори неки ҷомеа, ангезаи эътиқодмандонаи накукорӣ, таҷрибаи бойи рӯзгор, фасеҳгуфторӣ, балоғатсолорӣ ва монанди инҳо дар назар дошта мешаванд.
Фирдавсӣ нисбат ба ин сифат ва дараҷаи олии нишони маънавиёти инсонӣ дидгоҳи мушаххас дорад. Онро дар алоқамандӣ, пайвастагӣ ва вобастагӣ бо дониш мешуморад. Яъне бидуни илму дониш, хирад, ки бештар ҷанбаи маънавӣ дорад, сифати нокомил аст ва баръакс. Ҳакими маъниофарин ҳушмандона, бо дарки масъулият ин ду хислатро чун гӯшту нохун тафсир мекунад. Ба он ҷанбаи муайянкунандагӣ, меъёрӣ ва арзишманд мебахшад:
Хирад об асту дониш замин,
Бидон, к-ин ҷудо в-он ҷудо нест аз ин.
Моргентау, яке аз асосгузорони илми муносиботи байналмилал дар замони нав, аз нуҳ афзалияти бузурге, ки онро «неруи миллӣ» ном мебарад, дар баробари қаламрав, мавқеи ҷуғрофӣ, канданиҳои фоиданок, воситаҳои истеҳсолии мамлакат ва ғайра, дараҷаи касбияти дипломатӣ – сифати мутахассиси пешбарандаи сиёсати хориҷиро низ дар қатори онҳо ёдовар мешавад.
Абулқосими Фирдавсӣ ҳанӯз ҳазор сол қабл ин масъаларо мадди назар гирифта, нисбат ба он ишораҳои қобили таваҷҷуҳи маҳз кардааст:
Фиристода гуфт: он ки доно бувад,
Ҳамешабузургутавонобувад.
Ё:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Дар ин росто, месазад бори дигар хотирнишон кард, гарчанде дар назарияи дониш ва гносеология кулли адабиёти бадеӣ ва сиёсии Ғарб таъбири «Knoledge is power» («Дониш неру аст»)-ро мансуби олими англис Френсис Бекон (асри ХVI) медонанд, Абулқосими Фирдавсӣ садсолаҳо пеш аз ӯ, бо ҷумлаи пайрави шарт (вобастагӣ, пайвастагӣ) ва пуркунанда (мансуб ба субъекти мавриди назар) бузургии фиристодаро тавзеҳ медиҳад. Сифати шахсияти марбут ба иҷрои вазифаҳои давлатиро дар хориҷи мамлакат, ба донишу маърифати ӯ марбут медонад.
Иммануэл Кант дар масъалаи илм ва зарурати тадқиқоти илмӣ таъкид ба амал меорад, ки ниёз аз қалам гирифтан, таҳқиқ кардан бояд қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии ҷомеа бошад. Дар дигар ҳолат, он амали худкомае беш нест.
Чунин зарурат ба ҳама гуна жанрҳои бадеӣ, бидуни қайду шарт, дахл дорад. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ байте омадааст, ки аҳаммияти он дар ҳазор соли гузашта ва имрӯз ҳам, чун зарурати ҳаётии Офтоб ба Замин садо медиҳад:
Чу фарзанд бошад, ба фарҳанг дор,
Замона зи бозӣ бар-ӯ танг дор.
Андар мазаммати бедонишӣ
Мутафаккирони бузурги тоҷик дар ҳар давру замон ба танқид ва маҳкум кардани бедонишӣ он қадар кӯшидаанд, ки он гоҳо баробарвазн ё зиёдтар аз тавсифи донишандӯзӣ ва донишмандӣ аст.
Дар ин маврид, аз сахттарин сифот ва бадтарин тавзеҳот нисбат ба бесаводӣ, нодонӣ, ҳамзамон, камҳавсалагӣ дар баробари азхуд кардани дониш истифода кардаанд.
Барои мисол, Асадии Тӯсӣ ба чунин хулоса омадааст:
Ба дониш андар ҷаҳон ҳеҷ нест,
Тани мурдаву ҷони нодон якест.
Фирдавсӣ бо ин бузургиву солорӣ ва таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ варзиданро бо ашхосе, ки аз илму маърифат баҳравар нестанд, нохушоянд ва ғайри қобили қабул мешуморад:
Чӣ нохуш бувад дӯстӣ бо касе,
Ки моя надорад зи дониш басе.
Дар ҷойи дигар донишманди Тӯс душмании шахси доноро аз дӯстии ҷавонмарди нодон афзалтар медонад:
Чу доно туро душмани ҷон бувад,
Беҳ аз дӯстмарде, ки нодон бувад.
Хосияти фарқкунандаи инсон эътибор пайдо намудан дар назди ҷомеа аст. Бо ин афзалият, шахс метавонад ба афкор, рафтор ва фаъолияти одамон таъсиргузор бошад.
Фирдавсӣ маҳз донишро омили соҳиби обрӯй ва манзалат гаштани одам ҳисобида, ҳамзамон, фосилагириро аз бедонишӣ аз фазилатҳои инсони комил шуморидаст:
Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ, то тавонӣ, мапӯй.
Абулқосими Фирдавсӣ чун бузургтарин ҳамосасарои бани Одам, ҷонбахшандаи ҳазорон паҳлавони порсӣ, нигоранда ва вассофи қаҳрамонзанони эронзамин нисбат ба бедонишони заифи фурӯмоя ба ҳеҷ ваҷҳ назари манфии худро пинҳон карда наметавонад. Бадтарин сифатҳои одамӣ, аз қабили суханчиниву чорагариро сабаби бедонишиву беҳунарӣ ва воситаи рӯзгузаронии пастфитратон мешуморад. Онҳоро қотеона зери тозиёнаи танқиду мазаммат қарор медиҳад. Чунин падидаҳоро маҳкум месозад. Бо таъкид ба нафарони солор маслиҳат медиҳад, ки аз тамос ва ҳамнишинӣ бо чунин афрод худдорӣ намоянд. Ҳушдор медиҳад, ки нишаст бо мардуми фурӯмояву бадгуҳар, суханчину музтар ва дар амри муфид нотавонгар, ба ҷуз бадӣ чизи дигареро интизор шудан мумкин нест:
Суханчину бедонишу чорагар,
Нашояд, ки ёбанд пешат гузар.
Зи нодон наёбӣ ба ҷуз бадтарӣ,
Нигар, то ба бедонишон нангарӣ.
Ин ҳикмати ҷовидона ба гуфтаи Аристотел, ки баъдан олимони дигар бо сад забон онро такрор кардаанд, мувофиқ меояд: «Одами бесавод берун аз сиёсат аст. Аввалан ӯро ҳарф бояд омӯхт. Бидуни он сиёсат вуҷуд дошта наметавонад. Бидуни он метавонанд овозаҳо, бадгӯйиҳо, афсонаҳо ва хурофот вуҷуд дошта бошад. Аммо на сиёсат».
Сарлашкар ва мутафаккири қадими чинӣ Сун Цзи, ки бо эҷодиёти фалсафиаш машҳури олам гаштааст, дар ин радиф таъкид ба амал овардааст: «Дониш он аст, ки ҳақиқатро тасдиқ ва дурӯғро маҳкум мекунад. Ва баръакс. Бесаводӣ он аст, ки дурӯғро тасдиқ ва ҳақиқатро маҳкум месозад».
Донишмандон ва мутафаккирон бо далел, асоснок, эътиқодмандона ва фаҳмо сухан гуфтанро намуна ва василаи илмомӯзӣ шуморидаанд.
Аз худ кардани ҳақиқати илмиро заҳмати пурқимати навъи «хуни ҷигар хӯрдан» номидаанд. Бо ин, «санҷида сухан гуфтан»-ро бо беҳудагӯйӣ дармуқоиса гузоштаанд.
Чунончӣ, Фирдавсӣ дар навъи пиндор ва сифати гуфтор мутафаккири сахтгир ва қотеъ будани худро бори дигар таъкид месозад:
Чу гӯйӣ ҳамон гӯй, ки омӯхтӣ,
Ба омӯхтан дар ҷигар сӯхтӣ.
Мазаммати бедонишӣ аз арзиш ва таъбирҳои маъмули умумибашарӣ маҳсуб мегардад. Барои мисол, Буддо дар як ҳикматаш гӯяд: «Доно ҳаргиз намирад. Нодон ҳамакнун мурдааст».
Айни чунин тафсир ва қиёс марбути қалами Фирдавсӣ низ ҳаст:
Тани мурда чун марди бедониш аст,
Ки нодон ба ҳар ҷой беромиш аст.
Нисбат ба шахсе, ки имкони дониш омӯхтан, комил гардонидани манзалати илму маърифат ва ҷаҳонбинии хешро дорад, аммо аз он сар мепечад, майл бар коҳиливу нотавонбинӣ ихтиёр мекунад, Фирдавсӣ – бузургдорандаи таърихи Аҷам мефармояд:
Тани марди нодон зи гил хортар,
Ба ҳар некуйӣ носазовортар.
Фирдавсӣ шахси бедонишро бо ҳазор сифат тафсири нохушоянд мекунад. Хулосаи худро бо афсӯсу ҳасрат нисбат ба чунин ашхос эълон менамояд ва ҳамзамон, ҳушдор медиҳад:
Чунин гуфт дастури бо фарру зеб,
Ки бедониш сабуктар пазирад фиреб.
Аммо муаллифи «Қуръони Аҷам», оне ки «рутбаи пайғамбарӣ ӯрост» (таъбирҳои Малликушшуаро Баҳор) – Фирдавсии Тӯсӣ ҳамчун ягона роҳи халосӣ аз раҳгумӣ, мардумро ба омӯхтани илму адаб даъват мекунад ва афрӯхтани ҷони башарро натиҷаи баҳраварӣ аз донишу маърифат мешуморад:
Ҳама гӯш доред панди маро,
Сухан гуфтани судманди маро:
Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан!
Хулоса
Он зуҳуроте, ки расидан ба моҳияти табиат, ҷамъият ва тафаккур, фаҳми дирӯз, дарки имрӯз ва пешгӯйии дақиқи фардо аз он вобаста аст, илму дониш мебошад.
Дар ин маънӣ Шаҳидии Балхӣ фармуда:
Донишо, чун дареғам оӣ аз он-к,
Бебаҳоӣ, валекин аз ту баҳост.
Яъне ченаки ягонаи зиндагии Инсон аз назари қимат ва шоистасолорӣ, арзишмандӣ, мояварии ахлоқӣ, маъмурияту масъулиятшиносӣ дар масъалаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, донистани он, ки ҷаҳон «Сар ба сар ибрату ҳикмат аст», дар алоқамандӣ ва вобастагӣ ба дараҷаи донишу маърифат мебошад.
Дониш шарти аслии такомули инсон, суботи ҷомеа, замонати обрӯ, рушди миллат ва бақои давлат аст. Бузургии илму маърифат баробар аст бо бузургии Ватан.
С. ЯТИМОВ
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №223 (25086) аз 07.11.2024