Аз ин Марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард!

“Воҷиботи аввали миллат худро шинохтан ва истиқлолияту давлатдории хешро қадр кардан аст. Ва миллате, ки аз мактаби худшиносиву ҳувияти миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва сабақҳои талху ширини истиқлолият баҳра набурда бошад, мисли киштиест, ки дар уқёнуси бузург самтнамояш саҳеҳ кор намекунад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Таърихи ҳар халқу миллат бозгӯи фарҳангу тамаддуни ӯст. Миллати тамаддунофар онест, ки аз ҷумлаи фарзандони фарзонааш сару сарвару Пешвое ба майдони муборизаҳои дохилию хориҷӣ ба воя расонида тавонад, то ки дар ҳифзи дастовардҳои таърихии миллат ва тавсеаву иртиқои тамаддуни халқаш ба раванди таърих таъсири амиқе бирасонад.Маҳз ин гуна шахсиятҳои бузург ё худ лидеру чеҳраҳои маъруф қодиранд, ки дар раванди таърих инсонҳои раҳгуму парокандарӯзгорро дар ҳалли масоили печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи эшон шуълаи умед ба зиндагии шоиставу дурахшон ва пояндаро барафрӯзанд. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш - Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байнрафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткшон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Фаъолияти пурмуҳтавову пумаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Имруз ҳар як шаҳрванди хурду бузури кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сарҷам гардида барои тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги фаъолият бурда барои баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурии ва барои тараққиёти он саҳм гузошта истодаанд, ки ин бевосита нишона аз тинҷию, сарсабзи кишвари азизамон шаҳодат медиҳад.

Имрузҳо ҳар пиру ҷавони кишвар мислли ҷавонони солҳои 1992-1997 нестанд. Имруз дар қалби ҳар як шаҳрванди миллати тоҷик ҳисси ватандустӣ, ифтихорӣ миллии бевосита пайваста қарор дорад, ки ин бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳҳад. Ба хотир оред ин марди Худо аз рузҳҳои ба сари ҳокимият омадан “Қасам ” хӯрда буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам агар дари ин роҳи пурмашаққати лозим ояд ҷони худро фидо хоҳам кард.” Бинобар ин аз ҳар шаҳрвандони кишвар ва ҳар ҷавони соҳибдавлати даврони истиқлолият лозим меояд, ки фирефтаи сухунони дурӯғи ин гуруҳҳои иғвоанез нашуда балки пайваста барои тухми низоро пош надодани ин гуруҳҳои номатлуб ва пайваста барои ҷори накардани маълумотҳои нодурусти ифроти монеаи сари роҳи онҳо гардем.

Имруз ҳар шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ифтихор аз миллату аз Пешвои муаззами миллати худ ҳастанд, ки барои гул гул шукуфи ва барои дар ин кишвари биҳҳиштосои руи заминзисту зиндагони карданд шукрона бояд кард.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди Худо аст. Сарвари кишвари азизи мо роҳбариро замоне ба дӯш гирифтаанд, ки фоҷеаи пош хӯрдани Давлати муаззами шӯроҳо ва бенизомиҳои аз ин ҳодиса маншаъ гирифта дар дилу зеҳни бошандагони Тоҷикистон ноумедиро ҷой намуда, барои расидан ба рӯзи нек бовариашонро коста гардонида буд.


Роҳбари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ, истеъдод ва ҷасорати фитрии худ барои осоиши Тоҷикистон саъю талош намуда, ба таври ошкоро иброз доштанд, ки "барои амалӣ намудани ҳадаф ба чонсупорӣ низ омода ҳаст". Ин гуфтор ва фармудаи зеринашон "То охирин гурезаҳои миллати тоҷикро ба Ватан баргардонам, худамро осуда нахоҳам дид" дар тинати ҳаммилатон ниҳоли умедро парвариш дод ва ба он кас ба сифати роҳбари ғамхору дилсӯзӣ худ бовар ва эътиқод пайдо намуданд.

Халқ ояндабин ва дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби сарвари худ хато накард ва дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби сарвари худ хато накард ва ин фидокорӣ роҳи осоишу субот давра ба давра кишварро аз варти ҳалокат, миллатро аз нестшавӣ ва қаламравро аз порашавӣ наҷот бахшиданд. Ин хидмат ва ҷоннисориву ватанхоҳӣ, миллатдӯстиву башарпарварии Пешвои муаззами миллат дар қалбҳои пурармони миллати тоҷик ба вижа қаламкашони кишвар, ҷойгоҳи хоса пайдо намуда, ки гуфтору навиштро ва амали содиқонаи онҳо башоратдеҳи ҳамин муҳаббати гарм аст.

Мусаллам аст, ки хидмати бузург ва ҷадалҳои мондагори дар муддати 31 сол анҷомдодаи ин марди Худо Пешвои миллат муаззами миллат аз диди сиёсатдонҳову таърихшиносон ва аҳли эҷоди мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар таърихӣ давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои хоно зикр меёбад.

Қудрат, силоҳ, сармоя, молу мулк, дороӣ, тавоноӣ ва дигару дигар амсоли инҳо ягон арзишу қиммате надоранд вақте, ки дар давлат сулҳу ваҳдат, оромиву якдигарфаҳмӣ ва осудагӣ набошад.

Ва мо мардуми тоҷик хушбахттарин шахсоне ҳастем, ки Худованд ба мо шахсеро, ки барои миллати худ сулҳу ваҳдат ва осоиштагиро ҳадя кард насиб гардонид ва ин шахси абармард Эмомалӣ Раҳмон ном дорад. Ҳамин фарзонафарзанд буд, ки ба дилу дидагони пиру ҷавони миллати тоҷик шодиву фараҳ бахшид. Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии худододӣ тавонистанд миллати парокандаро аз нав барқарор намоянд.

Бале, ӯ яке аз фарзандони шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати куҳанбунёди тоҷик бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунанд ва сидқан дӯст медоранд. Шахсеро, ки баҳри беҳбудӣ, некӯаҳволии халқ ва ободиву сулҳу суботи Ватан ҷонашро фидо мекунад кӣ дӯст намедорад? Абармардеро, ки ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагону маъюбон мебошад метавон дӯст надошт? Пешвое, ки Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин мубаддал гардонида, магар мешавад, ки дӯст надошт?

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун роҳбари давлат эътироф мекунад.

ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Фахри ҳар як тоҷикистонӣ шуда ,

Некаъмол аст, садри бебаҳост,

Як назар! Дар чеҳрааш нури худост!

Ҳоҷиева Мунира - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ