​ҶАВОНОН ВА СИЁСАТ

Сиёсат - низоми идеалии идоракунии давлат буда, тартиб ва иҷрои идораву робитаи давлатро ба ӯҳда мегирад. Чи тавр таърих шаҳодат медиҳад, вайроншавӣ ва шикасти давлат ва миллат на танҳо бо сабаби ҳуҷуму забти як миллат бо дигар миллат, балки зери ҳуҷуми афкорӣ ба сиёсати давлат аз дохили он низ равиш мегирад.Чи тавре, ки Мао Зедун гуфтааст, “Сиёсат ин як навъи ҷанг бе хунрезӣ аст, дар ҷое ки ҷанг ин сиёсат аст бо воситаи хунрезӣ”. Дуруст аст, ки кӯшиш ба тағйири афкори сиёсии мардум баҳри баробарӣ ва таҷдиди системаи давлат, бар зидди он қувваи чандин маротиба зиёд нисбат ба қувваи зӯровариро (ҷанг) бедор карда метавонад, ки ба натиҷаи хубтару тезтар меоварад. Ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисиёсӣ ин ҳамчун “вирус” дар сатҳи амнияти давлат ва бехатарии мардуми он мебошад. Ингуна ҳизбу ҳаракатҳо мақсади аз дохил, давлат, миллат ва асосан ҷавононро ба нобудшавӣ равона сохтан, доранд. Савол ба миён меояд барои чӣ махсус ҷавонон ба ҳизбҳои ғайрисиёсӣ тарғиб карда мешаванд? Ҷовонон ё худ насли нав асоси аввалиндараҷаи рушд ва инкишофи давлат, ҳаракат, мавҷи интишор, қувваи беҳудуди ҳар халқ ба ҳисоб меравад. Ин сабаби муҳими вобаста кардани ҷавонон ба ҳизбҳои ғайрисиёсӣ мебошад, ки то ҳол мубориза бар зидди ин амал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон давом меёбад. Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад.

Баъзе сабабҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбҳои ғайрисиёсӣ номида метавонем, ки чунин аст:

Аввал, тафқиди ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар замони хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд.

Дуввум, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад.

Сеюм, рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғ.

Чорум, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу алсиҳа.

Панҷум, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ ва дигар омилҳои зиёде, ки ба ин амали нохуш меоварад.

Тибқи маълумот 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба тақрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиётҳои ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то ба имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ қарор карда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст, аз ҷумла: “ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии номбаршуда мақсади ғасби ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва бунёди давлати исломӣ доранд.

Баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ чанд фикр пеши назар меояд, ки боиси даст назадани онҳо ба амалҳои номатлуб шуда метавонад:

  • баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ.
  • тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ.
  • таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад.
  • Истифодабарии бештар аз воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо баҳри тарғибу ташфиқи маълумотҳои дақиқу амиқ оид ба мақсаду ҳадафи ҳизбҳои ғайрисиёсӣ
  • муайян намудани хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа
  • дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода кардан, то таълим гирифтани ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо.
  • Ихтисору маҳдуд кардани олами Интернет барои ҷавонон, ки Асосогузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.

Хулоса, замони муосир хеле хатарнок буда, ҳар фард бояд худро аз амалҳои номатлубу ғайриқонунӣ нигоҳ дорад. Яке аз омилҳои қавии пешгирии ҷавонон ба корҳои ғайриқонунӣ ин ба даст овардани маърифати комил ва илм мебошад. Зеро танҳо ганҷинаи илму маърифат барои шахс метавонад аслиҳаи ношикаста аз нодонӣ, гумроҳӣ ва бефарҳангию камбиозатӣ бошад.

Салимова Нигора Азизовна

н.и.ф., дотсенти кафедраи филолгияи араб

факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ