​Либоси миллӣ - таҷассумгари симо ва фарҳанги миллати тоҷик

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар фестивали шаҳрӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ - таҷассумгари симо ва фарҳанги миллати тоҷик”, ки имрӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо ифтихори баланди ватандӯстӣ фаъолона ширкат намуданд.

Дар роҳпаймоӣ беш аз 2 ҳазор нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, либоси миллиро муаррифӣ ва тарғиб намуданд.

Фестивали мазкур ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ, устувор нигоҳ доштан ва тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстию хештаншиносӣ ва пешгирии бегонапарстӣ баргузор шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ