Шиносоӣ бо вазъи будубоши донишҷӯён дар хобгоҳ
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи будубоши донишҷӯён аз хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд. Ин иқдом дар асоси дастуру супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳандозӣ гардид.
Дар доираи ин ташаббус мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва намояндаи шуъбаи мазкур Суҳроб Рустамзода бо донишҷӯён дар хобгоҳҳои 1,2,3 ва 9 мулоқот намуданд.
Масъулинро муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр ҳамроҳӣ намуда, аз шароити зист дар хобгоҳ, ҳуҷраҳои донишҷӯён, китобхона, утоқи компютерӣ ва ҳуҷраҳои кории маҳфилҳо дидан намуданд.
Зимни мулоқот донишҷӯён аз шароити зист дар хобгоҳ, муомилаву муносибати мураббиён ибрози назар намуда, аз фаъолияту иштироки худ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ маълумот доданд.
Хотиррасон менамоем, ки дар хобгоҳҳои мазкур 154 нафар донишҷӯдухтарон аз ноҳияҳои дурдаст, ки бо квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, истиқомат доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил