​Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи соати тарбиявӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ мавзуи "Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи корҳои тарбиявии кафедра ва мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар рафти соати тарбиявӣ масъалаҳои муҳими тарбияи насли наврас, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои маънавию ахлоқӣ таҳлил шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ