​Маҳфили “Анализи математикӣ”

Маҳфили илмии “Анализи математикӣ” ин навбат ба мавзуи «Истифодаи хосияти функсияҳои элементарӣ дар ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ» бахшида шуд.

Дар доираи маҳфил устодону донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.

Доир ба мавзуи маҳфил маърӯза шунида шуда, хосияти функсияҳои элементарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо суолу ҷавоб маҳфил анҷом пазируфт.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили мазкур дар назди кафедраи Анализи математикии ба номи А. Муҳсинов дар он донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон иштирок ва маърӯза менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ