Арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат дар Паёмҳои Пешвои миллат
Яке аз масъалаҳое, ки пайваста дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ин ҳам бошад таваҷҷӯҳ ба мероси гаронбаҳо ва шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Зеро Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш ба шахсиятҳои бузурги миллати мо эҳтирому эътиқоди хосае зоҳир менамуданд. Дар воқе, миллати ифтихоровари тољик дар њама давру замон бо фарњангу тамаддун, донишу хиради воло ва аз њама бештар бо донишварону фарзонагони хеш барои пешрафту дигаргунињои љомеаи љањонї сањми арзандае гузоштааст. Ҳақиқатан дар домони пурфайзи модари тољик фарзонагону нухбагони зиёде дар тўли таърих парвариш ёфтаанд. Онон бо вуљуди пурбаракоташон, натанњо љањону зиндагии хеш, балки ба њаёти њазорон-њазор афроди дигар нуру сафо бахшида, аз замони зиндагияшон то ба имрўз ному осорашон вирди забонњост. Имрўз дар љањони муосир мо шоњиди он мегардем, ки ќавму миллатњои гуногун аз як мероси бисёр кучак ва ё аз донишмандони камтарини худ ба љањон садо баланд намуда, фахрфурўшї мекунанд. Аммо барои миллати азизи мо зарур њам нест, ки дар назди љањониён бо љидду љањд аз асилзодагону мероси гаронбањоямон њаќталошињо намоянд. Зеро љањониён кайњо ба мероси гаронбањо ва фарзонагони миллати мо сари таъзим фуруд оварда, бар онанд, ки ин миллат дорои табъу сиришти азалї ва ќобилияти фитрии волое мебошад. Дигар аз омилњои эътирофу эътиќоди љањониён ба миллати тољик ва фарњанги беназиру нухбагони илму ситорагони осмони адаби он ба шарофати Истиќлолияти давлатї ва зањмату талошњои шабонарўзии Асосгузори сулњу вањдати милї, Пешвои миллат Эмомалї Рањмон мебошад. Пешвои муаззами мо аз оѓози сарварии хеш њамеша ба меросу фарњанги гузашта ва шахсиятњои баруманди миллатамон таваљљўњи хосае зоњир менамуданд ва далели ин гуфтањо таљлилу љашнњои абармардоне амсоли Абўабдуллоњ Рўдакї, Абулќосим Фирдавсї, Абӯали ибни Сино, Мавлоно Љалолуддини Балхї, Камоли Хуљандї, Имоми Аъзам, Сайфиддини Исфарангӣ, Абдурањмони Љомї, Абумањмуди Хуљандї, Мир Сайид Алии Њамадонї, Туѓрали Ањрорӣ ва дањњои дигар мебошанд. Мањз таваљљўњи зиёди Пешвои миллат ба гузаштаи пурифтихор ва абармардони бузурги илму адаб буд, ки китоби арзишманди эшон бо номи «Чењрањои мондагор» дар таҳрири нав ба нашр расид, ки дар он 30 нафар аз бузургони илму адаби тољик гирдоварї шуда, маълумотњои сўдманду арзишманде дар он дарљ гардидааст.
Китоби “Чеҳраҳои мондагор” зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат – маҳсули омӯзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии Пешвои миллат дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он
мебошад. Ин китобро метавон таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон, китоби худшиносӣ ва худогоҳии миилли мардуми тоҷик ва сабақи таърихӣ барои имрӯзиён ва фардоиён аз бурду бохт пастиву баландии роҳи тайкардаи мардуми сарбаланди тоҷик ба шумор овард. “Чеҳраҳои мондагор” дар ҳақиқат беҳтарин намунаи осори таърихӣ чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ мебошад. Воќеан, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо таълифи китоби «Чењрањои мондагор» бори дигар мо љавононро водор намуданд, ки ба гузаштаи пурифтихор ва олимону донишварони гузаштаи миллат таваљљўњ намуда, аз корномањою осори эшон бањра бардорем. Дар муқаддимаи китоб сабаби таваҷҷӯҳи зиёди худро ба гузаштаи миллат чунин қайд намудаанд: “Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”.
Асосгузори сулњу вањдати милї, Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар њама суханронӣ ва Паёмҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки насли љавони мо бояд аз корномањои шахсиятњои бармумандамон ибрат бигиранд ва мероси гаронбањое, ки аз онон ба ёдгор мондааст бештар омўзанду барои пешрафти ояндаи миллату давлати хеш сањмгузор бошанд. Њукумати Тољикистон ва хоса Пешвои Миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон пайваста аз пайи тарбияи кадрњои љавону соњибистеъдод мебошанд.Чунонки дар суханронии хеш ба Маљлиси олии кишвар санаи 22-уми декабри соли 2016 чунин ќайд намуда буданд: «Татбиќи босамари сиёсати давлатии љавонон аз рўзњои нахустини соњибистиќлолї дар мењвари фаъолияти Њукумати Тољикиситон ќарор дорад. Аксарияти ањолии Тољикистонро љавонон ташкил медињанд, ки онњо давомдињандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иќтидори воќеии пешрафти љомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Аз ин рў, метавон гуфт, ки Пешвои хирадманди мо бо назари дурбинона ва сиёсати созандаи хеш дарк намудаанд, ки љавонон ояндаи миллату давлат буда, дар айёми љавонї омўхтану дар љодаи илму дониш гом бардоштани онон самараи хуб дорад.
Дар Паёмҳои хеш Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки миллати тољик ифтихор аз он дорад, ки фарзонагону нобиѓањои ў бењтарин дурдонањои назму насрро ба хазинаи маърифати љањон арза доштааст. Ин миллати сарсабз аз даврањои хеле ќадим дарёфта буд, ки наљоти ањли башар ва зиндагии шоиста дар омўхтани илму њикмат ба даст меояд.
Сабаби асоси рӯй овардани Пешвои миллат ба шахсиятҳои бузургӣ миллати тоҷик ва осору корномаҳои онон дар Паёмҳои хеш бар он аст, ки дар осори пурѓановати шоирони классики мо дар бобати њамаи мавзуњои муњим шеър суруда шудааст.
Дар маҷмуъ бояд ќайд намуд, ки мо љавонон дар омўхтани илму дониш ва пажўњиши мероси гаронбањои хеш камари њиммат бандем ва ќадамњои устувору мустањкам дар љодаи илм гузорем. Дар љавоби ѓамхорињои Асосгузори сулњу вањдати милї, Пешвои миллат Эмомалї Рањмон барои пешрафту гулгулшукуфии миллати азизамон сањми худро гузорем ва Тољикистонро боз њам ободу зебо гардонем.
Рӯйхати адабиёт:
- Балхї, Мавлоно Љалолуддин. Маснавии маънавї. -Тењрон: Замон,2001.- 728 сањ.
- Рањмон Э. Забони миллат – њастии миллат. Китоби 1. Душанбе, “Эр-граф”, 2016. -516
- Раҳмон Э. Чеҳраҳои мондагор. –Душанбе, 2016
Азизов Сорбон
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ѓафуров