​Ҳаҷравию каҷравӣ!?

Падидаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар қатори озодиву тантанаиадолат кушода шудани ҳамаи шароитҳо барои диндоронниз маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тақрибан 300 ҳазоршаҳрвандони кишвар баҳри адои яке аз фарзҳои мусалмонӣ – ҳаҷ ба зиёрати Каъба мушаррафшудаанд. Ҳол он, ки давоми 70 соли пешин, яъне даврони шӯравӣ танҳо 400 нафар сазовори ин аркон шуда буданд. Аммо, раванди адои ҳаҷ, ки қисман онро мақомотҳои давлатии кишвар ба низому танзим даровардаанд, ҷараёни таассубу худнамоишдиҳиро ба худ касб намудааст ва зуҳуротҳои манфии он ба касодшавии ҷомеа оварда истодааст. Аввало, маълум нест, ки ҳоҷии навбаромад маблағи ҳаҷравиро чӣ тавр пайдо кардааст?. Баъдан, ҳоҷӣ тамоми фазилатҳои диниву дунявиро иҷро кардааст? Мушкилоти молиявию иҷтимоии оилаву маҳалла, мардуми наздиконро медонаду ҳалл кардааст? Ботинан барои адоии ҳаҷ омода шудааст? Даҳҳо саволҳои дигар ба ин тоифаи ҷомеа интизори посухи муфассалу мушаххасанд. Танҳо аз масъулину фаъолон мебояд ҷавоби онро интизор гашт.

Пӯшидани сару либоси ғайр (алалхусус, сатри аврати ҳоҷиояҳо), ташкили ҳоҷиошӣ бо забҳи чорво, худнамоӣ дар маъракаҳо, панду насиҳатгӯии ҳоҷии ҷавон ба калонсолон, бехабарӣ аз мӯъминони мискин, аз ҷумлаи хешу табор ё худ ҳамсояи худ, хурофотпарастӣ ва садҳо падидаҳои ношоистаи ҳоҷиёни навбаромад ба мушоҳида мерасад, ки дар шариати дин ширк маҳсуб меёбад. Лекин, бо сабаби он, ки беш аз 98-99 % -и ҳоҷиёни навбаромад саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ба чунин тақаллубкориву таассуб машғуланд. Аламовару ноҷоя он аст, ки аксари ҳоҷиёни навсохт тарки хурофотпарастӣ, ширк, кибру риё, айшу ишрат ва ҳоказо намекунанду худро ҳуқуқдор ба чунин бадахлоқиву беодобӣ, беҳурматӣ ба мусалмонӣ меҳисобанд. Гӯё бо зиёрати Каъба онҳоро ҳиссиёту толеъи муқаддасу бартарӣ аз дигарон насиб карда бошад?!

Ҳайрон мешавед, ки ходимони дин, аз имомхатибону дигарон дар масоҷидҳо мавъизахонӣ мекунанду боре ҳам лаҷоми диндории ҳоҷиҳои навбаромадро намекашанд. Ҳол он, ки мувофиқ ба мартабаву вазифаи диндорӣ ба аксари ҳоҷиён мебояд дарси одамият омӯхт! Ҳоҷии навбаромад пайваста аз маъракае ба маъракае меравад, ки дар он исрофкорӣ аён аст. Ӯ ақаллан,соҳибони маъракаро аз ин амали харҷи беҳуда бознадошта худ шарики ширк мешавад. Худ дар сари дастархони пурнозу неъмат нишаста аз ҳамсояе ё нафари дигаре, ки луқмаи нонро интизор аст, андеша намекунад. Ё намоишкорона оши хайре мекунаду амали савобҷӯии худро ба тамоми оламиён эълон мекунад! Пас кист ва ботини ӯ чӣ гуна аст, ҳоҷиёни навсохтро?! Тантанаи куфру моилият ба ифротгароӣ бошад, аҷабе нест!?

Ходимони динро мебояд дар масоҷид, кӯчаю маҳалла, тариқи воситаҳои ахбори омма, нишастаҳои хоса ва ғайра мардумро ба садоқату поктинатӣ ба дину давлат ҳидоят намуда кӯшанд, ки дар ботини мусалмонон Офаридгор бо тамоми покиаш маскун гирад, бар зидди ҳаҷравони каҷравон мавқеи фаъоли оштинопазирӣ дошта бошад. Зеро, агар барпо намудани маъракаи бодабдаба пешгирӣ карда шавад, аллакай нафъе ба иқтисоди ҷомеа хоҳад расид. Ба ҳоҷиёни навбаромад талқин кардани саҳмгузорӣ дар маъракаи ободонӣ, кабудизоркунӣ, ғамхорӣ бо ятимону маъюбон табақаи камбизоатон бунёди дабистону муассисаҳои дигари соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва амсоли онҳо вазифаи бошарафу пурмасъули ходимони дин мебошад, ки алъон бо дараҷаи кофӣ иҷро нашуда истодааст.

Бинобар ин, дар ҳошияи роҳнамоии хирадмандонаипурҳикмат, дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кидар ҷараёни мулоқот бо ходимони дин баён намуданд, аз масъулони дину диндорон даъват менамоям, ки нисбати риояи бечунучарои аҳкоми шариат муросокор набошанд. Дар ин радиф, тамоми фаъолони ҷомеа низ вазифадоранд, ки серталабу сахтгир ба масъулияти хеш дар назди ҷомеа бошанду баҳри абадан пойдор гардидани фазои сулҳу субот, оромиву осудагӣ, созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон ҳамеша кӯшиш намоянд.

Собиров М.С.- дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ