​Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи густариш додани тафаккури илмии ҷавонон таъкид доштанд ва аз ҷумла чунин зикр карданд: «Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад. Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад».

Доштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ дар замони муосир воқеан шарти ба воя расидани ҷавонони соҳибкасбу тахасссусманд аст. Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд пешниҳод карданӣ ҳастам, ки ба андешаи нигоранда барои густариши тафаккури илмии ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.

  • Нашри асарҳои фантастикаи илмӣ. Ҷавонони имрўза ба жанри фантастикаи Ѓарб ва ҳатто фэнтези таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ба хусус наврасону ҷавонон, шефтаи филмҳои фантастикаи илмӣ гаштаанд. Аммо раванди тарҷума ва ё таълифи фантастикаи илмӣ ба андешаи мо дар кишвар хеле заиф аст. Ҳол он ки дар кишварҳои Ѓарб таълифи асарҳо дар жанри фантастикаи илмӣ рў ба тараққӣ аст. Дар чанд даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии мардумии Чин жанри фантастикаи илмӣ бениҳоят тараққӣ карда, зиёда аз 200 адибони фонтастнавис арзи ҳастӣ карданд. Дар тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ҷаҳонбинии илмӣ жанри фантастикаи илмӣ таъсири амиқ мегузорад. Натиҷаи инро бинед, ки хонандагони асарҳои фантастикаи илмӣ аксарияташон барои навовариҳои илмию техникӣ ҳиссагузор гаштаанд. Ба ибораи дигар агар гўем, афсонаҳои илмӣ барои кўдакону наврасон пешниҳод кардан лозим аст, ки шавқашонро ҳам ба илмомўзӣ ва ҳам мутолиаи асарҳои бадеӣ бедор кунад.
  • Тарҷумаи филмҳои фантастикаи илмӣ ва маърифатӣ. Тавассути телевизиони «Баҳористон» филмҳои тасвирии тарҷумашуда ба тоҷикӣ намоиш дода мешаванд, ки барои густариши тафаккури кўдакон мусоидат менамояд. Барои ба тоҷикӣ тарҷума кардани филмҳои тасвирӣ, фантастикӣ ва маърифатӣ фаврият лозим аст. Тавре бояд тарҷума ба роҳ монда шавад, ки тамошобини наврас онро аввал на ба забони русӣ ва ё англисӣ, балки бо забони тоҷикӣ тамошо кунад. Албатта, ин кор осон нест, хароҷот дорад, аммо ба ин кор рўй овардан лозим аст. Филмҳои тасвирии тарҷумашударо, ки барои маърифатнокии кўдакон равона гаштаанд мураббиён метавонанд, ки дар кўдакистонҳо ба тарбиятгирандагон намоиш диҳанд.
  • Нашри китобчаҳои суратдор доир ба ин ё он зуҳуроти табиат. Дар ин самт метавонанд, ки олимон, адибони кўдакон ҳиссагузорӣ кунанд. Аслан, барои бо фаҳмиши кўдакон навиштани асар ва махсусан асарҳои бадеӣ ва ё илмӣ-оммавӣ мушкил аст, лекин дар ин самт роҳҳои ҳалли онро ёфтан мумкин аст.
  • Таҳияи гузоришҳои телевизионӣ дар жанри «Донистан шавқовар аст». Дар барномаҳои иттилоотии телевизионҳои кишварҳои хориҷаи дуру наздик махсусан гузоришҳо дар жанри «донистан шавқовар аст» намоиш дода мешавад. Гумон мекунам, ки чунин таҷрибаро дар поёни барномаҳои иттиллоотии телевизионҳои кишвар роҳандозӣ намоем, айни муддао мегардад.
  • Таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ-оммавӣ. Мақолаҳои илмӣ-оммавиро олимони соҳаҳои мухталиф метавонанд, ки таълиф кунанд. Ин гуна мақолаҳо як даричаи маърифатӣ барои ворид гаштан ба ин ё он илм мегардад. Агар нашрияҳо барои чопи маводи илмӣ-оммавӣ ҳавасманд гарданд, илм ва дастовардҳои илмӣ ба мардум бештар ошно мегардад.
  • Муаррифии оммавии ихтироот, таълифот ва асарҳои олимони тоҷик. Дар суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса ба олимон зоҳир гашт. Мутаассифона, дар бораи зиндагӣ ва дастовардҳои олимони тоҷик мардуми омма хеле кам хабардор ҳастанд. Ихтироот ва кашфиёти олимони тоҷик аз назари авом ва ҳатто олимони минтақаҳои дигар дур мондаанд. Дар бораи ҳар олими тоҷик ва ихтироташ бо забони содда ва оммафаҳм маълумот додан лозим аст, то дар ҷавонону наврасон тасаввуроти нодуруст дар бораи дастовардҳои илмии кишвар ба вуҷуд наоянд. Олимони зиёд дорем, аммо онҳо чӣ хидмат карданд, кам дар ками одамон медонанд. Гумон мекунам, ки дар расонаҳои электронӣ ва муҳити интернет паҳн кардани маълумот дар бораи ихтирооти олимони тоҷик амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамаи ин пешниҳод дар сурате амалӣ мегардад, ки мардум хоҳ хурд ва хоҳ бузург ба мутолиа ва омўзиш ҷиддан машғул гарданд.

Раҳимов И.У. – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров».

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ